Мақоми ҳузури САҲА дар Тоҷикистон аз 1 июл тағйир меёбад
Бар пояи қарори Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), ки имрӯз, 23 июн дар шаҳри Вена қабул гардид, шурӯъ аз 1 июли соли 2017 мақоми ҳузури САҲА дар Тоҷикистон тағйир дода мешавад.
Мунира Шоинбекова, масъули дафтари матбуоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон гуфт, баъди як ҳафта, ин ниҳод ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табдили ном хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, “бино ба қарори мазкур, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолияти барномавиро дар доираи андозагириҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонии фаъолияти САҲА бо мақсади дастгирӣ намудани Тоҷикистон дар татбиқи принсипҳо ва иҷроиши уҳдадориҳои САҲА, татбиқ хоҳад кард”.
Хонум Шоинбекова афзуд, Дафтари барномаҳо дар ҳамкории зич ва дар асоси машваратҳо бо ҷониби Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
Шӯрои доимии САҲА яке аз мақомоти асосии созмон мебошад, ки барои қабули қарорҳо масъул аст ва ҷаласаҳои он мунтазам баргузор мегарданд. Намояндагони ҳамаи 57 кишвари иштирокчии САҲА дар кори Шӯрои доимӣ ширкат меварзанд. Қарорҳо дар асоси консенсус қабул мегарданд.
Пас аз якуми июл дигар панҷ дафтари минтақавии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки дар Ғарму Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Шаҳритус кор мекарданд, баста мешаванд, ҳарчанд созмон ҳақ дорад, ба иҷрои барномаҳои гуногун дар манотиқи Тоҷикистон идома бидиҳад.
Моҳи сентябри соли 2016 як гуруҳ аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон вориди ҷаласаи САҲА дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон шуданд. Ҳайати расмии Тоҷикистон бо нишони эътироз ҷаласаро тарк намуд. Баъди ин муносибати Тоҷикистон бо ин созмон сард шуд ва тағйири мақоми Дафтари САҲА низ "мева"-и ҳам ин сардӣ гуфта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |