ВИДЕО: Тирхӯрии 2 ноболиғ ҳангоми таъқиби ҷавони тоҷик аз сӯи пулис
Маъмурини милисаи минтақаи Ставраполи Русия ҳангоми таъқиби шаҳрванди фирории Тоҷикистон ду ноболиғи роҳгузарро маҷруҳ кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки 22-юми июн барои қасди ҷиноят ва нашъаҷаллобӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд, ҳангоми интиқол аз бинои додгоҳ ба мошин фирор намудааст: “Маъмурини милиса зимни амалиёт барои боздошти фирорӣ аз силоҳи хизматиашон тир кушода, духтарчаи 10-сола ва писари 17-соларо маҷруҳ кардаанд. Ноболиғон айни ҳол дар беморхона бистарӣ мебошанд”.
Мақомоти Русия мегӯянд, ҷавони фирорӣ боздошт гардид ва дар Ютуб навори фирор ва саҳнаи боздошти ӯ аллакай нашр шудааст.
Лаҳзаи фирор:
Саҳнаи боздошт:
Мақомоти Русия гуфтаанд, феълан таҳқиқи қазия идома дорад ва дар пайи он масъалаи аз кор рондани дастандаркорони тирпаронӣ маълум хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |