
Раёсати Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, соҳиби нави собиқ хобгоҳи “Душанбесохтмон”, истиқоматкунандагони куҳнаи ин хобгоҳ, сохтмончиёни собиқадорро ба кӯча рондаст.
Дар ин бора худи истиқоматкунандагони рондашудаи хобгоҳи “Душанбесохтмон” воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ-28-и пойтахт ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки тули як моҳ дар кӯча зиндагӣ доранд. Бисёри онҳо қазияро бо ашк дар чашм қисса карданд ва бархе роҳгузарон низ ҳоли зорашонро дар кӯча дида, ашк мерехтанд.
Рондашудаҳо, ки собиқ кормандони “Душанбесохтмон” ҳастанд, мегӯянд, бино барои оилаҳои кормандони “Душанбесохтмон” соли 1975 сохта шуда, аз он замон то ба ин су дар он зиндагӣ доранд.
Шаъмигул Саидова, собиқ команди “Душанбесохтмон”, мегӯяд, аз соли 1987 дар ин макон зиндагӣ дорад, аммо 24 майи соли равон раҳбарияти Донишкадаи давлатии санъат ва дизайн бо кормандони суди Фирдавсӣ омада, аз номи Президент онҳоро аз хонаҳояшон рондаанд: “Ободии диёри мо маҳсули дасти сохтмончиён аст. Чанд нафар ҳам аз номи Президент омада, гуфтанд, ки ин фармони Президент аст, аммо мо ба ин бовар накардем. Мехоҳем бипурсем, ки то чӣ андоза дуруст аст, аз номи ӯ омада гап зада, моро як ҳафта пеш аз Рамазон ронда ба кӯча бароварданд”.
Ӯ мегӯяд беш аз 30 сол, дар ин хобгоҳ зиндагӣ дорад ва ҳаёташро сари кор дар “Душанбесохтмон” гузаронидааст: “Ҳаётамон дар ҳамин иттиҳод гузашт, ҷавон будем ҷон доштем, кор кардем, аммо имрӯз, ки аз кор мондем, моро таҳқир карда, гапҳои носазо гуфта аз хонаҳоямон бароварда пеш карданд. Чи хеле хостанд, моро масхара карданд, суханҳои пасттаринро гуфтанд”.
Ба гуфтаи Саидова 40,6 фисади бино ба собиқадорони меҳнат тааллуқ дошт ва ҳуҷҷатҳо низ қонунӣ буд, ки имрӯз ба назар гирифта намешавад: “Мо ба ҳама мақомот муроҷиат кардем, аммо дар ҳама ҷо моро пеш карданд. Мо борҳо ба Президент навиштем, аммо навиштаҳои мо нарасид. Мо барои як манзили якхонагӣ шуда кор кардем. Он замон техника набуд, фарзандонамон касал партофта, кор мерафтем. Мо ҳам Ватан дорем, мо ҳам соҳибмулкем, ҷон доштем, мадор доштем хизмат кардем, имрӯз маъюб ҳастем, дастгирӣ кунанд моро...”.
Хонум Саидова мегӯяд, дар вақти набуданаш дари хонаашро шикаста чизҳояшро баровардаанд: “Чи қадар чизҳои мо гум шуд, онҳоро мо сари ин солҳо ҷамъ карда будем. Имрӯз ҳоли моро дидагӣ одам мегиряд, ки ватандорҳоро бин, ки ҳаёташон гузашт, меҳнат карданд роҳи дуздиву дуруғгӯиро надонистанд имрӯз дар кӯча монданд. Соли гузашта барқу обро куштанд, ҳоҷатхонаҳоро канданд ин Рамазон моро пеш карданд”.
Асомиддин Олимов, истиқоматкунандаи дигар мегӯяд, аз соли 1983 дар ин ҷо зиндагӣ мекунад ва хонаро на “комендант” ва на Кумитаи меъморӣ, балки “Душанбесохтмон” дода буд: “Ҳар кадоми мо бештар аз 20 соли собиқаи корӣ дорем. Соли 2004 “Душанбесохтмон”-ро барҳам доданд, ин айби мо нест, айби сохторҳост, лекин мо дар ҳамин ҷо мондем, ба умеди як хона кор кардем. “Душанбесохтмон” соли 2004 барҳам хурд ва инро дар тавозуни КВД “Манзили сохтмончиён” гузарониданд ва соли 2014 аз тавозуни КВД “Манзили сохтмончиён” ба Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн гузашт. Суди ноҳияи Фирдавсӣ ва прокуратураи он ғайриқонунӣ бе ҳурузи мо 56 ҳалмномаро бароварда моро ронданд”.
Ба гуфти ӯ Кумитаи амвол низ баён доштааст, ки розигияшро барои ба тавозуни Донишкада гузаронидан танҳо он гоҳ медиҳад, ки 56 ҷой дар ихтиёри кормандоне, ки дар соҳаи сохмон фаъолият кардаанд, гузошта шавад: “Муроҷиати Маҳмадалӣ Ватанов низ ҳаст ва дар он омадаст, онҳое ки дар асоси қонун соҳиби ҳуҷра дар хобгоҳ ҳастанд бе додани ҳуҷраи дигар аз хобгоҳ берун карда намешаванд”.
Майрам Ҷабборова, рондашудаи дигар мегӯяд аз соли 1982 то 2004 дар “Душанбесохтмон” кор мекардам: “Ҳамаи мо соҳиби фарзанд, нафақахурем ин беадолатист. Мо ба ҳама ҷо муроҷиат кардем, аммо ягон нафар моро гуш намекунад, як моҳи Рамазон ҳама дар берун бо оби дида шиштаанд. Ман аз номи ҳамаи ҳозирин аз Президенти кишвар хоҳиш дорам, ки муроҷиати моро ба назар гиранд”.
“Озодагон” дар сурати дастрас намудани назари раёсати Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн онро пешкаши хонандаҳо хоҳад кард.
Мӯҳр