Шӯрои уламо рӯзи дақиқи Иди Фитрро эълон кард
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Фитрро эълон кард.
Масъулини ин ниҳод дар ҷаласае, ки 22 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, рӯзи идро душанбеи 26 июн гуфтанд. Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар соати 6-и субҳ гузошта мешавад.
Аз ин пештар Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ эълон кард, Иди Рамазон дар кишвар 26 июн фаро мерасад.
Мусалмонони Тоҷикистон имсол шанбеи 27 май ба рӯзадорӣ шурӯъ карданд. Якшанбеи 25 июн охирин рӯзи Рамазон муайян шудааст.
Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |