Пешниҳод барои такмили "қонуни танзим": Маъракаҳои "оши тӯй" ва туҳфасупориҳо барҳам дода шаванд
Мизроб АМИРБЕКОВ,
барои «Озодагон»
Даъвати Президенти кишварро дар мавриди пешниҳоди фикру ақидаҳои шаҳрвандон ҷиҳати такмил додани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ пазироӣ менамоям. Зимнан, чанд андешаи худро дар ин робита баён карданӣ ҳастам.
Тавассути воситаҳои ахбор имрӯзҳо фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандони ҷумҳуриамон нисбати такмили қонун гирифта мешаванд, вале аз мазмуни баромадҳо бармеоянд, ки аксарияти онҳо қолабӣ мебошанд ва ҳадафи онҳо танҳо барои бештар кардани ҷазою ҷаримаҳо равона шудааст. Ман мехоҳам такмили қонун дар асоси таҳлили мавридҳое сурат бигирад, ки давоми даҳ соли амали қонун мардум бештар дар кадом самт ба мушкил рӯбарӯ гашта ва муҷозот шуданд. Зеро таҳлил ва хулосаи ин амалҳо моро дар мавриди аввал ба сабабҳои қонуншиканӣ ва дар мавриди дигар ба дарёфти норасоиҳои худи қонун пайваст месозанд.
Мехоҳам андешаҳоямро нисбати моддаи 10-и «қонуни танзим», ки дар мавриди баргузории тӯйи домодиву арӯсӣ аст, баён намоям. Дар ин мода чунин оварда шудааст: «Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад». Аз рӯи фаҳмиши ман, додани оши тӯй - ин худ ташкили «оши наҳор» мебошанд, ки барои шумораи то 200 нафар ва оростани зиёфат «худи тӯйи домоду арӯс» барои даъвати шумораи то 150 нафар муайян гаштаанд.
Тариқи расонаҳо борҳо шоҳид будем, ки кормандони бахши танзим дар маҳал қонуншиканиҳоро дар давраи оростани «чойгаштак»-и арӯсон, ташкили «муборакбодиҳо» ва зиёд даъват гаштани меҳмонон дар тӯй мансуб медонанд ва соҳибони тӯй аз рӯи он ҷаримабандӣ мегарданд ва имрӯз вақти он расидааст, ки дар асоси таҷрибаи андӯхтаамон таҳлил ва хулоса созем, ки мардум барои чӣ «чойгаштак» ташкил менамоянд ва барои чӣ дар тӯй «меҳмони зиёд» аз меъёрро даъват месозанд.
Сари ин масъала, мехоҳам нуктаи назари худамро баён намоям ва шояд дар ин равиш тарафдор ва муқобилон низ пайдо шаванд. «Чойгаштак»-ро асосан оилаҳое ташкил менамоянд, ки духтарашонро бо умеди зиёд калон кардаанду онро ба ҳайёти нав гусел месозанд. Дар як маврид оилаҳое ҳастанд, ки дар хонадон танҳо духтар ва умеди оростани тӯйи арӯсии ин фарзандашонро доранд, арӯсшавандаҳо низ дар давоми ҳайёти наврасиашон бо умеди зиёд рӯзи баргузории тӯйяшонро мунтазир буданд ва мехоҳанд, ки дар ҳузури хешу ақрабо, пайвандон, дугонаҳояшон орзушиканӣ намоянд.
Гузашта аз ин, қонуни амалкунандаи танзим гузаронидани маъракаи тӯйро асосан ба тарафи домодшаванда нисбат медиҳад ва иштироки тарафи духтар дар маъракаи баргузории тӯй дар худ маҳдудиятҳо дорад ва ҷониби духтар мунтазир ва дастнигари даъватномаҳо аз тарафи домод мебошанд ва дар ин лаҳзахо мо бояд орзую ҳавас ва ҳақдор будани падару модари духтар ва худи духтарро ба инобат гирем ва хулоса дорам, ки маҳз сабаби қонуншиканиҳо ва такмилталабии қонуни имрӯзаи танзим дар бобати тӯй дар ҳамин нуқта ниҳон мебошанд.
Акнун дар баробари хостори такмил гаштани қонуни танзим мехоҳам нисбати масъалаи дигари маъракаи хонадоршавӣ - оростани «оши наҳор» андешаронӣ намоям. Қонуни ҷорӣ имкон медиҳад, ки дар ин маърака барои шумораи то 200 нафар меҳмон ош дода шаванд. Ин меҳмонон киҳо ҳастанд? Танҳо мардон, мувофиқи урфу одати миллиамон дар ин маърака занон иштирок карда наметавонанд ва маҳз ҳамин муносибати нобаробарии гендерӣ модаронро маҷбур месозад, ки бо мақсади орзушиканиашон «чойгаштак»-и духтарашонро ташкил созанд ва қонуншиканӣ намоянд.
Дар вақти гузашти «оши наҳор» борҳо дидаем, ки дар аксар мавридҳо меҳмонони нохонда, ношинос, одамони кӯча ва ҳатто талабаҳои мактаб дарсҳоро партофта ошхӯрӣ менамоянд. Дар ин маърака хароҷоти аз ҳама зиёди соҳибони тӯй равона гаштааст, яъне хароҷот мувофиқи қонуни танзими ҷорӣ барои теъдоди то 200 нафар муайян гаштаанд ва мо бояд сари нигоҳ доштани ин маърака фикр ва хулоса созем, ки ин маърака барои падару модар ва хонадон чӣ гарониҳоро дар пай дорад.
Дар мавриди дигар дар амал дида истодаем, ки нишондоди дигари қонуни ҷорӣ дар муқобили талаботҳои асосии он нисбати камхарҷии маърака меистад. Дар қонуни ҷорӣ нисбати тӯҳфасупориҳо барои домоду арӯс ва падару модар ишора шудааст ва барояшон иҷозат фароҳам меоваранд. Ман сари ин масъала оварданӣ ҳастам, ки набояд мо қонунро то ин зина поин барем. Бояд ин масъала мувофиқи қонун маърака нагарданд, зеро имрӯз бо ин ишораи нодурусти қонун соҳибони тӯй баъди гузашти чанд дақиқаи зиёфат боз туйи «дуввум»-ро махсус барои тақдими тӯҳфаҳо бо номи маъракаи «муборакбод» ташкил медиҳанд, ки ин гаронии навбатӣ барои соҳибони тӯй мебошанд. Чӣ зарур аст, ки баъди чанд дақиқаи гузашти зиёфат ва муборакбодиҳои дӯстону хешу табор боз маъракаи тӯҳфасупориҳо ва такроран «муборакбодиҳои бемаънӣ» сар шаванд?
Барои барҳам додани ин норасоиҳо хуб аст, ки бо такмили қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъракаи «оши тӯй» ва маъракаи туҳфасупориҳоро барҳам занем ва гузаронидани тӯйро танҳо бо доштани зиёфати арзанда ва фарогирандаи тамоми орзу ва ҳаваси падару модарон ва навхонадорон дар алоҳидагӣ расмӣ намоем. Яъне, барои духтар ва писар дар алоҳидагӣ шароит диҳем, ки онҳо теъдоди шумораи то 200 нафар пайвандон ва наздиконашонро ба туйяшон даъват созанд ва ошкору озодона хурсандӣ намоянд, ин маърака бояд хам оростани зиёфат, хам оши тӯй ва ҳам маъракаи муборакбодро дар бар гирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |