Тоҷикистонро дар “Зебосанами Сабантӯй 2017” Мавзуна намояндагӣ мекунад
Озмуни “Зебосанами Сабантӯй 2017” барои аввалин бор дар толори варзишии “Арсеналец” баргузор мешавад.
Тоҷикистонро имсол Мавзуна Маҳмадалиева намояндагӣ мекунад. Ба иттилои расонаҳо, дар баробари Мавзуна Екатерина Яқубова (рус), Анжела Белди (нанай), Ксения Латипова (тотор), Ликанида Березнюк (укроин), Анна Григорян (арман) ва Нуркиз Мазанбаева (қирғиз) ҳам барои дарёфти ҷоиза талош хоҳанд кард.
Якшанбеи 25 июн доварон интихоб хоҳанд, ки кадоме аз 7 нафар ба унвони “Мисс Сабантӯй” даст меёбанд. Муддаиёнро зарур аст, таомҳои миллии худро пешниҳод намуда, дастурхони бо шеваи миллӣ оросташударо муаррифӣ кунанд. Иҷрои барномаҳои ҳунарӣ ҳам яке аз шартҳои озмун аст.
Озмуни “Мисс ё Зебосанами Сабантуй” яке аз тарҳҳои маъруф дар Шарқи Дур мебошад, ки ҳадафаш иттиҳоди мардумони Русия аст. Он аз соли 2009 ба ин сӯ бо ибтикори маркази миллӣ-фарҳангии тоторҳои Хабаровск -- “Хабар” баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |