Раиси Кумитаи сайёҳӣ кӣ мешавад?
Ахиран, бахши сайёҳиро аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҷудо ва ба як ниҳоди алоҳида табдил карданд. “Озодагон” аз чанд нафар пурсид, ФИКР МЕКУНЕД ЧӢ КАСЕ РАИСИ ИН НИҲОД МЕШАВАД?
Баҳриддин ИСАМУТДИНОВ, директори Маркази рушди туризм дар Тоҷикистон
Роҳбари Кумитаи навтаъсис дар бахши туризм пеш аз ҳама бояд ташкилотчӣ ва мудири хуб бошад, ки раванди корро дуруст ба роҳ монад. Беҳтар мебуд, агар ихтисоси иқтисодчӣ медошт. Маслиҳату фикри мутахассисони хуби соҳаро гӯш кунад ва барои пешбурди соҳа ташаббускор бошад. Раҳбари нав бояд қотеона барои амалисозии тавсияҳое, ки аз ҷониби ҳукумат қабул шудаанд, кор кунад. Лекин то ҳол намедонам, дар ин мақом кӣ таъин мешавад. Мутаасифона ҳеч чиз гуфта наметавонам. Барои он ки ин хел номзадро ёфтан хеле душвор аст. Агар ёфт шавад, бахши туризми Тоҷикистон хеле рушд мекунад.
Далер ИМОМАЛӢ, ҳунарманди театр
Ин икдомро ҳукумат бояд солҳо пеш мегирифт ва имрӯз зарур ҳам ҳаст, ки бахши ҷавонон як ниҳоди алоҳида шавад. Нафаре роҳбари идораи сайёҳӣ бошад, ки аввалан донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошад ва бо фарҳангу таърих, урфу оддатҳои мардуми кишвар ба хуби ошноӣ дошта бошад. Бо ҳукумати марказӣ забон ёфта тавонад, низоми гирифтани визаро барои шаҳрвандони ҳама кишварҳо содда ва ҳатто аз миён бардорад. Ин нафар барои мардум дастрас бошад. Барои ширкатҳои сайёҳии дигар давлатҳо роҳ кушояд, то имконияти фаъолияташон бо ширкатҳои ватанӣ рақобатпазир гардад. Соҳиби идея ва барномаҳои хело идеалии соҳа бошад, ки тавонад дар амал тадбиқ кунад, на ин ки рӯи коғаз бимонанд. Ҳатман ҷавон бошад ва ҳарфи худашро дошта бошад, на арӯсаки дасти дигарон. Аммо бовар карда наметавонам, ки чунин як ҷавон пайдо шавад. Ин ҳама хислату рафтор бо бори маънавии доштаи як мутахасис аст, на афсонаву рӯъёӣ. Лекин афсӯс мехурам, ки ёфтани чунин ҷавони дорои ин ҳама хислатҳо дар Ватани ман ба афсона мубаддал шудааст. Интизор дорам, ҳатман писари ягон нафари вазифадор роҳбари ин ниҳод мешавад. Агар шавад ҳам бигзор шавад, аммо ақалан мутахассиси соҳа бошад. Мутахассис ба маънои томаш. Ҳоло интизор шавем, то исми раиси нав эълон карда шавад.
Алӣ АЛИЗОД, таҳлилгар
Фикр мекунам, муҳим ин нест, ки кӣ ин идораи навтаъсисро раҳбарӣ мекунад, муҳим ин аст, ки чӣ гуна раҳбарӣ мекунад. Ба ин симмат нафари ҳирфаӣ меояд ё не? Кумита қобилияти ҷалби гардишгаронро пайдо мекунад ё не? Тавонмандие пайдо мекунад, ки таҷрибае кишварҳоеро, ки маблағи аз гардишгарӣ ба даст омада бахши қобили мулоҳизаи ММД-ро ташкил медиҳад, роҳандозӣ намояд. Раиси кумита албата чеҳраи муҳим аст, аммо муайянкунандаи хатти маш нест.
Бахтиёр АМИНӢ, шоири тоҷики муқими Аврупо
Ба фикри ин ҷониб сарвари ин ниҳод шахси ба хонаводаҳои раҳбарон наздик, масалан яке аз фарзандон ва ё шахсе аз хонаводаи дигари атрофиёни раҳбарон хоҳад буд. Ва агар аз хонаводаву хешутабори раҳбарон набудӣ, ҳатман кадоме яке аз маҳалли онҳо мебошад. Зеро таҷрибаи бахши аъзами кадргузинӣ дар кишвари мо то кунун ҳамин тур буда.
Латиф ОДИЛОВ, таҳлилгари соҳа
Фикр мекунам, бояд дар ин ниҳод шахси воқеан кордонро, аз ҳисоби тоҷикписароне, ки дар Аврупо ё кишварҳои дигар пешрафтаи олам ин риштаро хондаанд, таъин шавад. Мақсад аз ташкили ин ниҳод ва ҷудо кардани он аз кумитаи пешин ба маънои ин аст, ки давлат мехоҳад ба ин соҳа диққати бештар бидиҳад. Барои ҳамин бояд дар ин бахш аз кадрсолорӣ кор гирифт, на аз маҳалсолорӣ. Зеро муҳим ин аст, ки Тоҷикистон барои ин кор зарфиятҳои бузурге дорад ва шахсе даркор, ки ин зарфиятҳоро ба манфиати миллату давлат амалӣ намояд. Вале агар ин ҳадафи гузоштаи давлат ҳосил ва иҷро нашавад аз ташкили ин гуна ниҳод чӣ суд?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |