Пешниҳод баъди садамаи пурқурбонӣ: То 25-солагӣ рондани мошин манъ шавад!

Дар пайи нашри хабари садамаи пурқурбонӣ дар ҷануби Тоҷикистон бархе корбарони хабаргузории “Озодагон” пешниҳод кардаанд, маҳдудияти синусолӣ дар дарёфти шаҳодатномаи ронандагӣ боло бурда шавад.
Дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъ, ки 18 июн ба вуқӯъ пайваст, 7 нафар ба ҳалокат расид. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи “Мерседес-бенс”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба самти муқобили роҳ баромадааст: “Мерседес” ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 42-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва се нафар мусофирони автомашинаи “Мерседес-бенс”, синну солашон 22-24-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, инчунин ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” ва мусофири он марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари “Мерседес-бенс”, ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар беморхона ҷон додааст”.
Як хонандаи сомонаи хабаргузории “Озодагон” зери ин хабар навиштааст, ҳукумати кишвар бояд рондани машинро ба ҷавонони зери 25 манъ кунад. Ба иддаои ӯ, ҷавононе, ки сари чамбари мошин менишинанд, фикри худ ва мусофиронашонро дар сар надоранд. “Бояд чораҳои қатъӣ дида шавад! Аз дасти ин беақлҳо дар кӯчаҳои шаҳр гашта намешавад! Ранги ҳайвони беақл мошин меронанд. Мансабдорон, ҳатман чунин қонун бароред, ки вазъият дар роҳҳо рӯз то рӯз бад шуда истодааст”,-таъкид намудааст ӯ.
Корбари дигар, ки ҷойи исмаш “Адл аз Душанбе” навиштааст, ба фикри хонандаи пешӣ мувофиқ будааст. Вай дар шарҳи худ менависад: “Рондани автомашина то 25-солаҳо қатъиян манъ карда шавад. Аксари ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ аз ҷониби ҷавонони то 25-сола содир мешаванд. Онҳо автомашинаро аз суръати муқарраршуда зиёд меронанд”.
Амрулло ҳам баъди изҳори ҳамдардӣ ба наздикони қурбониёни ин садама таъкид кардааст, “сад дар сад дуруст. Ҷавонон одоби дурусти ронандагӣ надоранд ... Аз Пешвои Миллат хоҳиш мекунем, барои иҷозати ронандагӣ аз синни 25 як қонун ҷорӣ кунанд”.
Вале на ҳама корбарон ба чунин пешниҳод розӣ ҳастанд. “Қонунмеҳвар” яке аз онҳост, ки навиштааст: “Бародарон бо баровардани қонуни нав маҳдудиятҳои бемаъно ҳеҷ беҳбудӣ намешавад. То имрӯз Тоҷикистон дар қатори давлатҳоест, ки қонунҳояш ноустувор аст. Танҳо роҳи масъала ин боло бурдани фарҳанги ҷомеа аст, ки иншоАллоҳ оқоёни мансабдор ин нуктаро ҳатман дарк хоҳанд кард”.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки ба 18 расидаанд, имкони дарёфти шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҳаққи рондани мошинро доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |