Ифтитоҳи калонтарин аквапарки Тоҷикистон ва оғози бунёди мактабҳои нав (АКС)

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе 19-уми июн калонтарин аквапарки Тоҷикистонро ба истифода дода, барои бунёди мактабҳои нав дар пойтахт санги асос гузошт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ бунёди маркази нави истироҳатии "Обшорон" - калонтарин Аквапарк дар мамлакат бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар майдони 20 000 метри мураббаъ моҳи феврали соли 2016 шурӯъ гардида буд: “Маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар як вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад”.
Рустами Эмомалӣ дар пайи шиносоӣ бо шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар аквапарк, барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил додани он супориш додааст.
Инчунин шаҳрдори Душанбе 19-уми июн дар мактаби миёнаи № 6 -и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба сохтмони бинои иловагии таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст санги асос гузошт: «Мактаби № 6 соли 1938 таъсис ёфта, бинои он кӯҳнаю фарсуда гардидааст. Айни ҳол мактаб дорои 740 ҷойи нишаст буда, дар он дар ду баст 1241 нафар хонанда таҳсил мекунад».
Инчунин барои бунёди мактаби нав - Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102 дар кӯчаи "Дӯстии халқҳо"-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои 1200 нафар хонанда дар як баст замина гузошта шуд: «Раиси шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ ба бунёди бинои иловагии мактаб санги асос гузоштанд. Сохтмони бинои нав барои 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, он аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Изатулло Давлатов бунёд мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки муассисаи таълимии №11 ҳанӯз соли 1933 барои 970 нафар хонанда бунёд шуда, айни ҳол дар он 1731 хонанда таҳсил мекунад».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |