Порлумон ва памперс
Иршод Сулаймонӣ
Гузоштани ин унвон дар ҳеч сурат ба маънои паст задани шахсияту ҳайсияти вакилони муҳтарами порлумони кишвар нест, балки ин унвон як унвони самбулист, ки аз як суоли вакили собиқи порлумони кишвар, раиси фақиди Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Исмоил Талбаков дар яке аз ҷаласаҳои ин ниҳод ба муовини вақти раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ Сайдалии Сиддиқ дода буд, гирифта шуд. Замоне, ки масъалаи ворид кардани тағйирот ба қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” (апрели 2013) баррасӣ мегардид, вакилон аз фаъолияти шабакаҳои телевизион норизоятӣ изҳор карданд ва аз ҷумла Исмоил Талбаков гуфт, ки телевизион фаъолияти порлумонро дурусту мантиқӣ инъикос намекунад: «Чаро мардум ва аз ҷумла депутатҳо барои фаъолияти телевизион андоз месупоранд, аммо ҳар вақте ки телевизиони тоҷикро рӯшан кунӣ, фақат реклама ва рекламаи памперсро мебинӣ?».
Эроди худораҳматии Талбаков ҷо дошт. Магар порлумон як ниҳоди муҳимми кишвар нест, ки дар расонаҳо матраҳ бошад?! Бале ҳаст, вале ин порлумон аз худ чӣ короиву шоистагиҳое нишон додааст, ки дар сархати расонаҳо қарор бигирад?! Оё порлумони Тоҷикистон бар мабно ва мантиқи сиёсиву ҳуқуқии як порлумон фаъолият мекунад?
Ин мавзуъро ба он хотир матраҳ мекунам, ки порлумони кишвар ҳамеша дар қиболи доғтарин мушкилоти давлат ва ҷомеа хомӯширо ихтиёр мекунад. Ҳодисаҳои ахир, ки сабаби ба вуҷуд омадани сару садоҳо ва овозаву тахмину гумонҳои зиёде дар ҷомеа шуд ба таъбири мардумӣ “чашми порлумонро напаронд”. Манзур ҳодисаи боздошти мансабдорони баланди давлатӣ бо гумони даст доштан дар фасоду фасодкориҳои бузург мебошад. Мансабдорони ниҳоде, ки худ масъули мубориза бо фасодкорӣ буд, аммо худи мансабдорони сатҳи раҳбарияш даст ба фасодкориҳои гӯшношуниде задаанд. На ниҳод ва ё ниҳодҳое, ки ин амалётро гузарониданд ба мардум ва ҷомеа иттилоъ доданд, ки қазия чист ва чӣ мегузарад ва на порлумон як “муҳокимаи порлумонӣ” баргузор кард, то рӯшан шавад, ки оё бозёфту мусодараи 350 милюну 1 милюну 300 ҳазор дуллор ва ё 6 кг тиллову “бункер”-и дуллору тилло ҳақиқат дорад?!
Дар бархе аз расонаҳо, ки ба таври ғайрирасмӣ ин хабарҳо нашр шуданд, гуфта мешуд, ки ин амалёти муштараки ниҳодҳои интизомӣ аст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ онро раҳбарӣ мекунад. Худи КДАМ ҳам ҳозир нашуд ба мардуми Тоҷикистон иттилоъ бидиҳад, ки оё ин ҳама овозаҳо ростанд ё дуруғ?
Ин кор муҳимтарин нишонаи як давлати демукрот – посухдеҳ будани он дар пеши мардумро зери савол мебарад ва беэҳтиромии рӯйиросте ба мардум ва шаҳрвандони кишвар аст. Шояд ниҳодҳои интизомӣ ҳамчун ниҳодҳои манфиатдори давлат то як андоза талош мекунанд, ки ин хабарҳо расонаӣ нашаванд ва беобрӯйиҳои давлату мансабдоронаш бармало нагарданд, вале чаро порлумон ҳамеша дар чунин маворид хомӯш аст?!
Оё порлумон наметавонист ё наметавонад , ки ниҳодҳои зидахл дар қазияро даъват ва як музокираи ошкорои порлумонӣ бо ҳузури расонаҳо баргузор бикунад ва барои мардум рӯшан шавад, ки ин ҳама дороии онҳоро киҳо медузданд ва киёнанд сабаби рушд накардани Тоҷикистон. То аз ин музокира дигар мансабдорони дузду фасодкор ҳам бишарманду даст аз роҳҳои рушди кишвар бардоранд? Порлумон ин салоҳият ва ваколатро дорад, вале чаро намекунад, ин суоли бепосух аст!?
Оё ин шеваи кори порлумон намояндаи мардум будани онҳоро хатчадор намекунад? Оё ҳамин шеваи кор намояндагӣ аз ҳақ ва манофеи мардум аст?
Порлумон муҳим нест, ки аз вакилони якатафаккура иборат бошад, порлумон ҷойи баҳсу баррасӣ, ҷойи суҳбатҳои коршиносона, ҷойи шинохтани ҳақиқатҳо ва пазириши қонунҳои дурусту огоҳона мебошад. Чун аксари қавонин аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешаванд, табиист, ки дар ин қавонин манфиатҳои мансабдорон ва мақомоти давлат бештар ифода шудааст. Вазифаи вакилони порлумон аст, ки ба унвони намояндаи мардум дар мудирияти кишвар дар ин қонунҳои манофеи мардумро суроғ кунанд ва вориди қонунҳо намоянд.
Албатта, ба ин ҳама суолҳои бешуморе, ки мегузорам посух ҳам дорам. Чаро, ки порлумони мо нақши бисёр хурде (ба лиҳози қонунӣ) назоратие бар ҳукумати иҷроия дорад. Аслан порлумони бидуни салоҳият бар назорати ҳокимияти иҷроия чандон порлумони қобили баҳс нест. Вале дар доираи салоҳият ва ваколате, ки дорад, агар порлумони мо фаъол бишавад ва ҳарфи мардум, мушкили мардумро дар қонунҳо ифода кунад ва ба баҳси вазирону роҳбарон бигузорад, хеле ҳарфи ҷиддист. Вагарна рисолатеро, ки имрӯз порлумони мо иҷро мекунад, ки аз таъйиду тасдиқи қонун созишномаҳо иборат аст, рисолати символикие беш нест. Барои чунин як рисолат шарт нест, ки ин қадар ҳазина ва будҷаи калон дар ихтиёри порлумон гузошта шавад. Ҳол он ки порлумони мо як зинаи нозарури болоӣ ҳам дорад. Ҳамин кореро, ки порлумони ҳозир мекунад, ки танҳо аз қабули қонуну созишномаҳо иборат аст, мешавад, ки дар сатҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президент ҳам анҷом дод.
Порлумоне, ки 13 доктори илму профессор ва 16 номзади илм, ду фраксиюн ва намоянда аз 6 ҳизб дорад, магар метавонад чунин сокиту ором аз канори муҳимтарин масоили иҷтимоиву давлатдорӣ рад бишавад? Магар ҳамаи ин ҳизбҳо як мафкура доранд?! Ё ба таъбири Шодӣ Шабдолов, раиси собиқи ҲКТ “ин ҳайат ҳамагӣ як қанотанд”?
Дар ҷаласаи аввалини ҳамин порлумони барҳол раисҷумҳури кишвар – Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки: “Порлумон ҷойи тақсимоти молу мулку мавод нест. Порлумон пеш аз ҳама масъулияти баланд ва касбии ҳар як вакил дар қабули қонун ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳар як узви порлумон бояд масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам дар ҷодаи ҳимояи манфитаҳои милливу давлатӣ дошта бошад. Порлумон бениҳоят бояд фаъол бошад. Ҳар шахси мансабдор, аъзои ҳукумат, аз президенти мамлакат сар карда дар назди порлумон ҳисоботдиҳанда аст. Яъне порлумон ҷойи баҳс аст”.
Намунаи чунин як порлумони қаториву сокиту орому бебаҳсу бемавқеъро, ки бидуни шак ин хусусиётро аз порлумонторизми Шӯравӣ ба мерос гирифтааст, танҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ мебинем, ки гумон мекунанд мардумро бояд давлат ва порлумон ба асорат бигиранд.
Оё порлумони мо аз ҳамин салоҳияташ, ки ба таъбири раисҷумҳур “аз президенти мамлакат сар карда дар назди порлумон ҳисоботдиҳанда аст” боре истифода мекунад? Инро порлумоне мекунад, ки худро эҳтиром мегузорад ва пойбанд ба раъйи мардум медонад. Порлумоне, ки дар воқеъ ҳокимияти намояндагист ва ҳузури ғайримустақими халқро дар идора ва ҳокимияти давлатӣ ифода мекунад. Порлумони мо, ки чунин нест ва то кунун ҳеч коре барои шохаи мустақили ҳокимият будани худ ба намоиш нагузоштааст, арзиш ва ҳайсиятеро надорад, ки як порлумон дошта бошад?!
Умедворам, ки порлумони кишвар ва раиси муҳтарами он, ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров, ки дар порлумони барҳол ягона вакили фаъолтар ҳастанд ва гоҳ-гоҳе вакилонро ба баҳсу баррасӣ водор мекунанд, ба ин навишта посухе медиҳанд. Ва мавзеъи худ (порлумон)-ро дар баробари мавзуъи матраҳшуда барои ҷомеа равшан мекунанд. Зеро кор бо ин содагие, ки ин мавзуъро ҷомеа ё ҳукумат ба фаромӯшӣ супурданӣ аст, нест ва инро худи порлумону ҳукуматдорон аз мо хубтар медонанд. Танҳо гап сари ин аст, агар ин порлумон худро пойбанд ба раъйи мардум (интихобкунанда) медонад бояд мавзеъгирӣ кунад. Дар ғайри сурат далели тавҳеҷи памперсро бар порлумон набояд дигарбора аз телевизионҳо суроғ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |