Боздошти се ҷавон дар робита ба латту кӯб ва ғорати як сарроф аз Исфара
Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти 3 сокини аз 20 то 35-cолаи ноҳияи Исфара бо гумони латту кӯби як сарроф ва ғорати маблағи зиёди ӯ хабар медиҳад.
Муҳсин Юсуфов, як масъули дафтари матбуоти ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, яке аз дастгиршудаҳо сокини ҷамоати Чоркуҳ ва дуи дигар аз ҷамоати Навгилеми Исфара мебошанд. Ҳарсе гумонбарон дар бозор савдо мекардаанд: “Онҳо шаби 8 ба 9 апрели соли равон дар сар ниқоб пӯшида, бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии сарроф Нурулло Музаффарови 45-сола, сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми Исфара ворид мешаванд. Тариқи зӯроварӣ 150 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва 2 миллион рубли русиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд”.
Ҷаноби Юсуфов афзуд, кормандони пулис тайи беш аз 2 моҳ тавонистанд ҷинояти мазкурро ошкор ва гумонбарони онро дастгир намоянд: “Аз рўйи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |