Балҷувон мушкили норасоии омӯзгоронро аз ҳисоби мутахассисони ВМКБ ҳал карданист
Дар ноҳияи Балҷувон омӯзгорони фанҳои риёзӣ, биология, кимиё, таърих, забонҳои русӣ ва инглисӣ намерасанд. Дар ин бора Далер Ҳафизов, мудири бахши маорифи ноҳия хабар дод.
Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар маҷмӯъ мактабҳои ноҳия ба 28 омӯзгор ниёз дорад. Ин ҳам дар ҳоле ки ба қавли Ҳафизов, се сол қабл дар ноҳия беш аз 100 муаллим намерасид: “Талош мекунем, сол то сол ин мушкил бартараф шавад”.
Мудири маорифи ноҳияи Балҷувон афзуд, бо ирсоли як нома унвонии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хостаанд, аз соли нави хониш ба ноҳия тавассути шартнома аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мусатахассисон ҷалб карда шавнад: “Айни ҳол мо масъалаи буду боши онҳоро баррасӣ дорем. Қарор аст, ин мутахассисон аз ҳисоби буҷаи ноҳия бо ҷойи хоб таъмин шаванд".
Ин дар ҳолест, ки қаблан, Шӯъбаи маорифи ноҳияи Данғара низ эълон кард, соли хониши 2016-2017 аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 15 омӯзгори ҷавонро ба кор гирифтаанд. Ниёзмуҳаммад Саидов, мудири шӯъбаи маориф моҳи октябри соли 2016 дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ҳамаи омӯзгорони бадахшониро бо ҷойи зист таъмин намуда, бар асоси шартнома баъди се соли корӣ ба онҳо қитъаи замин барои бунёди манзил ҷудо мегардад.
Мушкили ҷойи кор омӯзгорони ҷавонро аз ВМКБ ба Данғара меорад (ВИДЕО)
Ноҳияи Балҷувон 30 ҳазор аҳолӣ дорад, ки 7015 нафари он хонандаҳоянд. Дар ҳудуди ноҳия 46 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст ва аз ин шумора 27-тоашро мактабҳои миёна ташкил медиҳад.
9 январи соли равон Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илм дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, мактабҳои таҳсилоти миёнаи кишвар ба 314 муаллим ниёз доранд. Ба иттилои Мирбобоев, дар мактабҳои вилояти Хатлон 138 омӯзгор, дар Душанбе 8 ва дар навоҳии тобеи марказ 168 омӯзгор намерасад: “Бештар омӯзгорони гуруҳи фанҳои табиӣ ва забонҳои хориҷӣ намерасанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |