“Мева”-и сафари А.Ғоиб ба Озарбойҷон: Имзои протоколи ҳамкорӣ бо Узбакистон
Тоҷикистон ва Узбакистон протоколҳо оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва доир ба тартиби ҳамкори байни ниҳодҳои гумрукии ду кишвар ҳангоми муқоисаи маълумоти омори гумрукии савдои дутарафаро имзо кардаанд.
Бино ба иттилои хадамоти гумрук, ин санадҳо дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар ҳошияи дидори генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Муидҷон Тоҳирӣ, раҳбари Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон имзо шудаанд.
Абдуфаттоҳи Ғоиб ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 65-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Боку рафт. Дар ин ҷаласа, ки 14 ва 15 июн дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, масоили ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Дар он раҳбарони хадамотҳои гумруки Тоҷикистон, Русия, Белорус, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |