5 пешниҳоди стратеги назди Президент: Харҷи болои миз назорат шавад
Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Тоҷикистон, хостааст, назорати давлатӣ дар масъалаи танзими ҷашну маросимҳо кам ва саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар карда шавад.
Сафаров, ки инчунин раиси Ассосиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон мебошад, бо нашри як матлаб дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”дар робита ба Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 5 пешниҳод ироа кардааст.
Ба навиштаи Сафаров коҳиши назорати давлатӣ ва афзоиши назорати ҷамъиятӣ боиси коҳиш додани шиддати коррупсия ва зиёдшавии боварӣ ба давлат мешавад: “Ин қонун давоми даҳ соли амали худ тавонист, даҳҳо мушкили мардумро осон намояд, ба онҳо неруи созандагӣ бахшад. Дар ин муддат бисёр оилаҳо аз ҳисоби камхарҷ гузарондани ҷашну маросимҳо як қисми маблағҳои захиракардаашонро барои соҳибкорӣ, хонондани фарзандон дар мактабҳои сатҳи баландтар, ба хориҷи кишвар фиристодани онҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагиашон сарф карданд”.
Дар мавриди мушкилоти амлаишавии қонуни мазкур ноиби раиси МТС изҳор доштааст, ки ҳанӯз ҳам калонсолон аз одатҳои куҳнашудаи худ даст кашида наметавонанду занон аз анъанаҳои дар асоси онҳо тарбияёфтаи худ: “Ҷавонон бошанд, манфиатдоранд, ки барои онҳо ҳар чи бештар чизу чора харида шавад ва маҳз аз ҳамин давраи бисёр мувофиқ истифода намуда, баъзе аз хостаҳои ғайривоқеии худро аз ҳисоби падару модарон ва хешу ақрабо бароварда месозанд. Бинобар ин, ҳар қадар кӯшиш намоем, ки аз ин мушкилиҳо халос шавем, онҳо бештар мешаванд, ки камтар не”.
Сайфулло Сафаров бо таваҷҷӯҳ ба мушкилиҳои ҷойдошта пешниҳод кардааст, ки пеш аз ҳама, ба тарбияи ҷавонон дар самти донистан, дарк кардан ва риояи қонун таваҷҷуҳи хос зоҳир намудан зарур аст. “Филмҳои кӯтоҳи тарғиботӣ, силсилафилмҳои бадеӣ, филмҳои мустанад, мултфилмҳо оид ба хусусиятҳои амали қонуни танзим метавонанд дар шуури ҷавонон ислоҳоти зарурӣ ворид созанд. Ин имкон медиҳад, ки насли нав аз камбудиҳои насли пешин озод тарбия ёбад, ҳушёртар гардад ва аз анъанаҳои куҳнашуда ва зараровар даст кашад. Яъне, мо бояд заминаҳои иҷтимоии миллати солимро аз ҳозир гузорем”.
Номбурда дар пешниҳоди дигари худ гуфтааст, байни маъракаҳои мотам ва хурсандӣ садд - сарҳади муайян ё фарқи аниқу дақиқ гузорем ва шумораи иштирокчиёни базмро маҳдудтар созем: “Хароҷоти болои миз низ ҳадди муайян дошта бошад”.
Раиси Ассосиатсияи сиёсатшиносон афзудааст, ки самти фаъолияти сохторҳои танзимро на ба назорати маъракаҳои мардум, балки ба коркарди сиёсат ва таҳлили равандҳои танзим, назорат аз болои кори комиссияҳои ҷамъиятӣ равона бояд намоем. Ӯ пешниҳод намудааст, ки низоми иҷозатдиҳиро ба низоми сабт кардан ва ба ҳисоб гирифтани маъракаҳо табдил бояд дод ва дар ҳолати саркашӣ аз ин кор ҷаримаҳои вазнинро ҷорӣ бояд кард.
Ноиби раиси МТС таъкид намудааст, ки ҳадаф аз ин, мардум ба сабти ҳолатҳо ва зери назорати ҷомеа будани раванди танзим одат намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |