Ташдиди чораҳои амниятӣ дар Туркманистон, ки моҳҳои охир мушоҳида мешавад, ба дарёфти иттилоъ дар бораи амалӣ кардани терактҳои эҳтимолӣ дар ҳудуди ин кишвар рабт дорад. Дар ин бора аз мақомоти қудратии Туркманистон хабар доданд.
Иттилоъ дар бораи эҳтимоли "терактҳо бо усули Давлати исломӣ"-ро миёнаҳои моҳи май як давлати хориҷӣ ба Ишқобод расонидааст. Ахиран аз кишваре, ки иттилои мазкурро ба Ишқобод додааст, чаҳор шаҳрванди Туркманистон истирдод шуданд. Ин шаҳрвандон бо айби узвият дар гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" боздошт шудаанд.
"Чанде қабл Туркия чаҳор ҷангҷӯи "Давлати исломӣ"-ро ба Туркманистон истирдод кард. Бо гузашти чанд рӯз Туркия мақомоти Туркманистонро дар бораи эҳтимоли терактҳо ҳушдор дод", - хабар медиҳад бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Мақомоти қудратии Туркманистон ин ҳушдорро ҷиддӣ гирифтанд ва чораҳои амниятиро шиддат бахшиданд.
"Барои мисол, баъди ин ҳушдорҳо тасмим шуд, ки равуои ҷавонон, ба хусус онҳое, ки нияти сафар ба Шарқи Наздикро доранд, зери назорат гирифта шавад. Аз ҳамин хотир, сар аз охири моҳи май ҷавонон аз парвози Истамбулу Дубай баргардонида шуданд. Ба ҷуз ин, назорат шадидтар шуд, ки ҷавонон ба гуруҳҳои бештар аз 4-5 нафарӣ ҷамъ нашаванд", - гуфт манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Мӯҳр