Хоҳари ҳунарманди сирки давлатӣ: Баъди муроҷиат ба расонаҳо маро аз кор ронданд
Умеда Ҳусейнова, як корманди Сирки давлатии Тоҷикистон мегӯяд, баъди муроҷиатҳояш ба расонаҳо ӯро аз кор рондаанд.
Хонум Ҳусейнова аввалҳои моҳи ҷорӣ ба дафтари “Озодагон” омада, изҳор дошт, соле қабл хоҳари ӯро, ки ҳунарманди сирк аст, дар як ҳайат бо ваъдаи ширкат дар ҷашнвораи сиркӣ барои се моҳ ба Миср бурданд, аммо ҳанӯз барнагаштаанд.
Ба гуфтаи Умеда, чор сол мешавад, ки дар Сирки давлатӣ нахуст дар бахши муҳосибот ва баъдан ҳамчун хаткашон фаъолият дошт, аммо баъди муроҷиаташ ба расонаҳо ва шикоят ба мақомоти дахлдор, раҳбарияти Сирк ӯро аз кор озод карда, аммо далелашро нагуфтаанд: “Чанд бор хостам пеши директор дароям, аммо котибааш гуфт, имрӯз рӯзи қабули шаҳрвандон нест. Бори охир дирӯз рафтам, котиба мегӯяд, ҳуқуқшинос фармони шуморо дида, тадқиқот бурда истодааст. Ҳатто дафтарчаи меҳнатиямро гирифта наметавонам”.
Хабарнигори “Озодагон” муваффақ нашуд, дар ин мавзӯъ бо раҳбарияти Сирки давлатӣ суҳбат кунад.
Умеда Ҳусейнова иддао дорад, ба хоҳараш, ки дар Миср қарор дорад, гуфтаанд, аз вай бихоҳад, то дар расонаҳо тамоми ҳарфҳои дар гузашта гуфтаашро рад кунад. Вале Умеда гуфт, ҳарфҳояшро пас намегирад, баръакс барои баргардонидани хоҳараш ва ҳамроҳони ӯ аз Миср ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои дохила ва КДАМ муроҷиат кардаанд.
Хонум Ҳусейнова мегӯяд, моҳи июни соли 2016 хоҳараш -- Гулнора Ҳусейноваи он замон 17-соларо дар як ҳайати шашнафара ба Қоҳира фиристоданд. Тибқи шартнома ҳузури ин ҳайат дар Миср бояд аз 20 июн то 20 сентябр идома меёфт, аммо бо гузашти як сол ҳанӯз барнагаштаанд. “Хоҳари маро иштирок дар фестивал гуфта бурданд, аммо онҷо маҷбур кардаанд, дар як сирки хиёбонӣ баромад кунад”,-таъкид намуда буд, Умеда.
Ба қавли вай, хоҳараш дар коллеҷи технологӣ таҳсил мекард ва бо далели ҳозир нашудан ба дарсҳо ихроҷаш карданд. Ӯ гуфт, қаблан низ дар ин хусус дар матбуот шикоят карда буданд: “Баъди нашри хабарҳо раҳбарияти сирк тавассути роҳбари бадеии ҳайат -- Эргаш Обидов хоҳарамро маҷбур кардааст, ки забонхат навишта, гуфтаҳои маро рад кунад”.
Талоши “Озодагон” барои тамос бо масъулини ин ҳайат дар Миср бенатиҷа буд.
Дар фармони сафари ин ҳайат ба Миср, ки зери он имзои Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент гузошта шудааст, омадааст, ки ҳайати 8 нафараи ҳунармандон ва роҳбаладон барои иштирок дар Фестивали сиркӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб, ки бо иштироки зиёди ҳунармандони хориҷ доир мегардад, даъват шудаанд. Ашӯр Раҷабов, директори Сирки давлатии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ 5 июн ба “Озодагон” даъвои волидонро ғалат хонда гуфта буд, муҳлати ҳузури ҳайат тамдид шудааст.
Ба иддаои вай, раводиди ҳайат рӯзҳои наздик омода шуда ва ба Ватан бармегарданд. Номбурда гуфт, се моҳи аввал ҳайат дар фестивал иштирок намуд ва чун ҳунарнамоии хуб доштанд, ҷониби Миср бо онҳо қарордод баст: “Ҳатто аз онҷо ба муассисаи мо маблағ ворид мешавад. Ман бо ҳунармандон ҳамеша дар тамос будам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |