Бахшҳо
15 июн 2017 16:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Роҳандозии DigitalCampTcell -- Лагери рақамӣ барои ҷавонон

Ширкати Tcell аз роҳандозии лоиҳаи бузурги инноватсионӣ– DigitalCampTcell хабар дод.

DigitalCamp –як платформа барои соҳибкорони ҷавон аст, ки мехоҳанд бо эҷоди муносибати эҷодкорона ва амали сохтани идеяҳои хеш бо усули нав, маҳсулот ва хизматрасониҳо барои сохтани тиҷорати устувор машғул шаванд.

Дар ҷаҳони муосир қариб тамоми соҳаҳо зери таъсири технологияҳои рақамӣ қарор доранд ва баъзеи онҳо танҳо дар шабака фаъоланд. Тиҷоратҳои камтаре ҳастанд, ки ба тағйироти рақамӣ нагузаштаанд. Ва ин рақам бо сабаби паҳншавӣ ва воридшавӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт мунтаззам поин меравад. Ин ҳатто ба ҳадди тағйири ҳаёт ва тағйири идораи бизнес расид.

Стратегияи digital барои муайян кардани имконоти нави рақамӣ, ба ташкилоти шумо афзалияти рақобатпазир ба монанди пешбурди соҳибкорӣ дар бозори байналмилалӣ, аз нигоҳи ҷуғрофӣ номаҳдудро пешниҳод мекунад.

Лоиҳаи DigitalCampTcell қисме аз масъулияти тиҷорӣ ва иҷтимоии ширкат буда, ба мақсадҳои рушди нерӯи инноватсионӣ ва ҳавасмандии ҷавонон барои эҷоди технологияиҳои соҳибкории муосир равона карда шудааст.

DigitalCampTcell чанд зинаро мегузарад. Дархост барои иштирок дар озмун озод буда, то 1 июл идома хоҳад кард. Дилхоҳ нафар -- донишҷӯён, гуруҳҳои ғайрирасмӣ ва мутахассисони ҳар соҳа метавонанд иштирокчии он бошанд. Шарти асосии ширкат- доштани идея, маҳсулот, лоиҳае, ки дар раванди кор дар DigitalCamp такмил мешаванд, мебошад.

Баъди анҷоми дархост гуруҳи роҳнамоён беҳтарин идеяҳоро интихоб ва бо иштирокчиёни фаъол суҳбат мекунанд. Онҳо минбаъд ба семинар ва тренингҳо даъват карда мешаванд. Замони баргузории тренингҳо, гуруҳ дар бисёр семинарҳои омӯзишӣ ширкат мекунад, ки 15 коршиноси маҳаллӣ ва хориҷӣ аз ҳар соҳа барои сохтани идеяҳои тиҷорӣ ва сохтани сайтҳои корӣ дарс мегузаранд.

Пас аз семинар ва давраҳои омӯзишӣ, гуруҳ ҳатман бояд иедеяи ниҳоии худро ҳадди ақал дар шакли омодабошӣ пешниҳод намояд. Дастаҳо бо кори ниҳоӣ кардаашон баҳогузорӣ карда мешаванд. Меъёри асосӣ барои интихоби ғолиб муҳимияти масъала, ки идеяро ҳал мекунад ва маҳсулоти ниҳоӣ ва модели нави бизнес аст. Дар охир се гуруҳи ғолиб соҳиби пули нақд барои рушди тиҷорат ва туҳфаҳои арзишманд мешаванд.

Озмуни Digital Camp Tcell барои ҷалби ҷавонон баҳри сохтани лоиҳаи технологияи пешрафта ва иҷтимоӣ муҳим аст. Ин имконият барои мулоқот бо коршиносони соҳаҳои гуногун ва ба даст маслиҳатҳои амалӣ аст. Ин имконият барои гирифтани маълумот оид ба истифода бурдани навоварӣ ва технологияи ба ҳалли ғояҳои муҳим ва назаррас аст.

Маълумоти бештар дар бораи озмун ва барои иштирок дар онро метавонед тариқи линки зер бигиред https://digitalcamp.tcell.tj/

Tcell- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.
AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)