Бахшҳо

Мақоми нави Шоҳрух Саидзода дар ВКД

Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати умури дохилии кишвар таъин шудааст. Ӯ қаблан курсии муовини сардори ин раёсатро дар ихтиёр дошт.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, Шоҳрух Саидзода моҳи апрели соли равон ба ҷойи Набиҷон Исозода ба ин мақом таъйин шуд: “Исозода ҳоло сардори Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад”. Дар шарҳи ҳоли Шоҳрух Саидзода, ки торнамои расмии ВКД нашр кардааст, гуфта мешавад, ӯ аз 19 апрели соли 2017 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Оқои Саидзода моҳи феврали соли 2016 муовини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД таъин шуда буд.

Шоҳрух Саидзода 31 сол дошта, ба иттилои торнамои ВКД рутбаи майори милитсия ва ихтисоси иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносиро дорад. Манбаъ меафзояд, ҳоло вай дар факултаи №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда таҳсил мекунад. Хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз соли 2012 оғоз намудааст.

“Шоҳрух Саидзода барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии “Корманди беҳтарини оперативӣ” сарфароз гардонида шудааст. Саидзода Шоҳрух дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар корҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, аз он ҷумла футбол ва якҳарбаҳои шарқӣ саҳми назаррас мегузорад”,-навиштааст сомонаи ВКД.

Шоҳрух Саидзода президенти бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон ҳам мебошад.
Мӯҳр
Самак
Ба шарофати амин марди наҷиб футболи тоҷик дар ҷаҳон бисёр мартабаи баланд дорад , беҳтарин футболбозони ҷаҳон низ аз "Истиқлол" баромадан.

Дар панч сол ба рутбаи майор ва вазифаи сардори раёосат расидан кори осон нест. Маълум аст ки марди кобил аст.

Лакай
Хахаха аз мохи феврал макоми нав бдай боз " ИЧРОКУНАНДА"

мардон
факат бачахако вазифахои калони равгани мегиран...

собир
Рахмат ба падару модари хамин бача дар ин сину сол ба ин мартабахо расидан кори сахл нест, бисёр захмат кашидаст, нушаш бод!!!!

Дилшоди сайли
3ебандааст дар вазифа ина падараш милисаи поквичдон дар макомот бо дасту дили пок кор кардаги

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)