Посухи Путин ба суоли Маскав хилофат мешавад?
Маскав иҷозат намедиҳад, ки Русия ба хилофат табдил шавад. Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо коргардони маъруфи Амрико изҳор доштааст.
Оливер Стоун, коргардони амрикоӣ аз Путин мепурсад, ки “Маскав хилофат мешавад?”. Дар посух раисҷумҳури Русия мегӯяд, “мо ба ин иҷозат намедиҳем. Бубинед, ки Вашингтон ба халифат табдил нашавад”.
Мусоҳибаи Стоун бо Путинро шабакаи телевизионии Showtime намоиш дод. Ба иттилои расонаҳо, Путин дар идомаи суҳбатҳояш дар мавриди Ислом мегӯяд, “медонед, ҳеч дини ҷаҳонӣ наметавонад сарчашмаи бадӣ бошад. Дар Ислом ҷараён ва равияҳои зиёде ҳаст. Дуи асосӣ шиаҳо ва сунниҳо. Мебинем, ки миёни онҳо мухолифати шадид аст. Фикр мекунам, замоне инҳо бартараф мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |