Сокини Душанбе «дугона»-ашро дар Дубай фоҳиша кард
Мақомоти милисаи Тоҷикистон аз боздошти зани 30-сола, сокини шаҳри Душанбе хабар доданд, ки бо роҳи фиреб дугонаи 23-солаашро дар Дубай ба танфурӯшӣ водор намудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ боздоштшуда дар хариду фурӯши одамон муттаҳам мешавад: “Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, бо роҳи фиреб ба боварии зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кори муносиб таъмин намудан, 15-уми июли соли 2015 ӯро ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бурдааст.
Сипас, дар ин шаҳр ӯро ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намуда, қасдан қарздор кардааст. Гумонбаршуда бо ин роҳ, маблағҳои аз ҷабрдида ба даст овардаашро, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.
ВКД афзуд, ки феълан нисбати дастгиршуда бар асоси моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |