Боздошти 6 вагон бо моли қочоқӣ
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти 6 вагон бо моли қочоқӣ хабар дод.
Тибқи иттилоияи Хадамоти гумрук, 20 номгӯйи моли қочоқӣ дар ҳаҷми 320 тонна аз Эрон вориди кишвар шудааст.
Манбаъ мегӯяд, шаҳрванд О. М. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ “Тозагии савдо” баромад намуда, аз Эрон 20 номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили чой, ҳалво, кафел, сару либоси мардонаву занона, қолин, гранул, селофани полиэтиленӣ ва ғайраҳоро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст.
Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти қочоқӣ дар дидбонгоҳи гумрукии “Регар” ошкор шуда, арзиши он 2 миллиону 590 ҳазору 607 сомониро ташкил медиҳад: “Нисбат ба шаҳрванд О. М. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои тафтишот ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |