Корманди собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президент 8,5 сол равонаи зиндон шуд
Додгоҳ Қадамҷон Сафизода, корманди собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президентро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Мувофиқи қонуни афви соли 2016 аз се як ҳисаи ин ҳукм кам шуда, 10 сол шуд ва бо назардошти 1,5 соли дар боздошт қарор доштани ӯ, акнун 8,5 солро пушти панҷара мегузаронад.
Бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаш тан аз ҳамроҳони Сафизода мутаносибан аз 12 то 15 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Хабарнигори “Озодагон”, ки дар назди бинои додгоҳ қарор дорад, мегӯяд, Парвиз Назарзода 15 сол, Фурқат Раззоқов, Арслон Маҳкамов, Владимир Бабаев ва Зуҳал Сангинов 13 солӣ ва Ҳикматулло Хоҷаев 12 сол равонаи зиндон шуданд. Нисбати онҳо низ қонуни афв тасдиқ шудааст.
8 июн айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров 17 сол, барои Фурқат Раззоқов, Арслон Маҳкамов, Владимир Бабаев ва Зуҳал Сангинов 15 ва барои Ҳикматулло Хоҷаев 13 соли зиндонро талаб карда буд.
Рустам Назаров, падари Парвиз баъд аз эълони ҳукм дар суҳбат бо хабарнигорон, онро ноодилона хонда, гуфт, ба зинаҳои болоӣ ҳатман шикоят хоҳанд бурд. Ӯ аз маҳкумшудаҳо "беҳтарин мутахасисони соҳаи технологӣ" ном бурда, таъкид намуд, баъди чунин ҳукмҳо боварии ҷавонон аз адолати додгоҳӣ коста мегардад. Назаров афзуд, додгоҳ далелҳои муътамади вакилони дифоъро ба назар нагирифт.
Ин ҳафт нафар дар азхуд кардани 8 миллион сомонӣ муҷрим шинохта шуданд.
Қаблан, волидони ин афрод аз Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент хоста буданд, барои муҳокимаи одилонаи фарзандонашон дар додгоҳ, мусоидат кунад.
Гуфта мешавад, ин афрод бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи пулӣ зангҳои байналмилалии ширкати “Мегафон”-ро бидуни иҷозат ба зангҳои дохилӣ табдил додаанд. Дастгоҳи онҳо 20 марти соли 2016 аз ҷониби кормандони Хадамоти алоқа ва УБОП-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мусодира шудааст.
Қадамҷон Сафизода дар гузашта курсии мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро дар ихтиёр дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |