АКС: Рассоми сурӣ раҳбарони қудратҳои ҷаҳонро дар нақши гурезаҳо тасвир кардааст
Рассом Абдулло Умарӣ, зодаи Сурия, ки ҳоло дар Белгия мақоми гурезаро дорад, дар як силсила раҳбарони қудратҳои ҷаҳонро дар нақши гуреза тасвир кардааст. Аксҳои ӯро торнамои BuzzFeed нашр кардааст.
Қарор аст, ин наққошиҳо дар намоишгоҳе дар Дубай ҳам ба маъраз гузошта шаванд. Умарӣ, дар нақши гурезаҳои сурӣ Доналд Трамп, Ангела Меркел, Башор Асад, Барак Обама, Тереза Мэй, Ким Чен Ин, Борис Ҷонсон, Николя Саркози, Франсуа Олланд ва Дэвид Кэмеронро тасвир кардааст. “Ҳамаи ин чеҳраҳо то андозае барои тақдири сокинони Сурия масъуланд. Бо ин нақшҳо хостам паёми худро ба онҳо расонам. Шояд онҳо ончиро, ки гурезаҳо эҳсос мекунанд, ҳис намоянд",-гуфтааст муаллифи расмҳо.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |