Манъи реклама дар адабиёти таълимӣ ва шикояти Ғаффоров аз зиёдаравии телевизион
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 14-уми июн бо қабули тағйирот ба қонун, рекламаро дар адабиёту воситаҳои таълимӣ мамнуъ кард.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, таблиғот дар адабиёти воситаҳои таълимӣ, ки аз ҷониби хонандагони синфҳои поёнӣ то донишҷӯёни донишгоҳҳо истифода мешаванд, мамнуъ мебошад.
Зимни баррасии масъалаи реклама вакил Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз зиёд будани он дар телевизион шикоят карда, гуфт, муҳлати қонунии барои реклама ҷудошаванда бисёри вақт риоя намешавад.
Дар посух Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар лоиҳаи қонуни нав дар бораи реклама дақиқан таъкид шудааст, ки давомнокии реклама набояд аз 3 дақиқа зиёд бошад.
Саидҷаъфар Исмонов, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, маводи таблиғотӣ ва ё реклама дар адабиёти таълимӣ ба психологияи хонадаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ӯ ҳадафи қабули лоиҳаи мазкурро ҷилавгирӣ аз ҳамин раванд унвон кард. Номбурда таъкид намуд, назорат аз адабиёте, ки дар хориҷ нашр шуда, вориди кишвар мегардад, бар души Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аст. Ин ниҳод муайян мекунад, ки то куҷо ин адабиёт ба тафаккури хонандагон таъсири бад мерасонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |