Боздошти 2 ҷавонзан барои дуздии 70 ҳазор сомонӣ
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавонзани тоҷик хабар доданд, ки дар дуздӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ба мақомоти милиса дар шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванд Қодирова Бибигул муроҷиат карда, арз доштааст, ки аз манзили истиқоматияш шахсони номаълум 70 ҳазор сомонӣ дуздидаанд.
Манбаъ афзуд, дар пайи корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ ду сокини ноҳияи Вахш, И.Гулчеҳраи 31-сола, ки қаблан барои дуздӣ суд шудааст ва Қ.Нигинаи 26-сола боздошт гардиданд.
Ба иттилои тафтишот гумонбарон бо маслиҳати пешакӣ 22-юми майи соли равон, тахминан соатҳои 08:40, дар ҳолате, ки соҳибхона дар манзили истиқоматияш набудааст, вориди хонааш шуда, аз дохили сандуқ 70000 сомониро дуздидаанд: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса, бар асоси моддаи 244-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |