Сафорати Украина дар Қазоқистон гуфт, аз вазорати корҳои хориҷии ин кишвар интизор дорад, ки дар робита ба сабти харитаи Украина бидуни Қрим дар маркази Остона вокуниш нишон медиҳад.
Тибқи изҳороти сафири Украина дар саҳифаи Фейсбук, дар меъмориҳои маркази Остона - суроби одамон, ки дар даст харита доранд - харитаи Русия нимҷазираи Қримро ҳам дар бар мегирад, аммо харитаи Украина бидуни Қрим нақш ёфтааст.
"Ҷониби Украина мунтазири шарҳ ва амали вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон аст. Харитаҳое, ки дар маркази Остона насб шудаанд - "бо аломатҳои вайрон кардани ягонагии марзии Украина" ва харитаи Русия "бо аломатҳои дахолат ба мустақилияти Украина" таҳия гардидаанд", - омадааст дар изҳороти сафорат. Сухангӯи сафорати Украина мегӯяд, дар ин робита 12 июн ба вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон нотаи расмӣ фиристода шудааст.
Мухтор Тлеубердӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, аз "сиёсисозӣ"-и қазия худдорӣ карда шавад. "Ин маҳсули кори кадом як гуруҳи эҷодӣ аст. Ба ҳамин хотир ҳеч ангезаи сиёсӣ надорад", - гуфт муовини вазир. Ба гуфтаи муовин, муаллифон "иштибоҳашонро эътироф" ва аз сафорати Украина "расман маъзаратхоҳӣ" кардаанд.
Мӯҳр