Озода Раҳмон бо қарори падараш мушовири давлатии адлия шуд
Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари бузурги Эмомалӣ Раҳмон унвони мушовири давлатии адлияро гирифтааст.
Қарори раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора 25 майи соли равон имзо шудааст, аммо он ба тозагӣ дастраси расонаҳо гардид.
Озода Раҳмон, ки дар гузашта ба сифати муовини вазири умури хориҷӣ фаъолият дошт, соли 2016 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин шуд.
Ӯ 38 сол дошта, фориғутаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ҳам кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |