Шикояти сокинони Рӯшон аз таркишҳои Афғонистон
Шуморе аз сокинони ноҳияи Рӯшон аз силсилаи таркишҳо дар минтақаҳои ҳаммарзи Ҷумҳурии исломии Афғонистон нигаронанд. Ба гуфтаи сокинони деҳҳаҳои ҳаммарз бо манотиқи марзии Афғонистон дар натиҷаи кӯҳтарконии шадиди роҳсозони Афғонистон хисороти зиёде ба деҳаҳои ин ноҳия расидааст.
Мирулло Оламов, сокини деҳаи Шипади ин ноҳия ба “Озодагон” гуфт, ки ҳафтаи гузашта се сангпора ба бинои мактаби ин деҳа афтидаанд. Ин сокини Рӯшон мегӯяд, ки роҳсозони кишвари ҳамсоя се моҳ аст, ки ин корро мекунанд ва ҳеҷ сокини ин деҳаҳао аз расидани зарари ҷисмонӣ эмин нест.
Ин сокинон мегӯянд, ки онҳо аз ин амалкардҳо ба мақомоти дахлдори ноҳия ҳам шикоят бурдаанд, аммо касе ба шикоятҳои онҳо вокуниш накардааст.
Ба иддаои ин сокинон роҳсозон қоидаҳои роҳсозиро риоя намекунанд ва таркондани куҳҳоро бо мақомот ва сокинони марзӣ ҳамоҳанг намекунанд то онҳо барои амнияти худро таъмин кардан ба ҷойҳои бехавф панаҳ бибаранд. Ба гуфтаи ин сокинон дар тамоми дунё ин қоида роиҷ аст, ки қабл аз таркондани куҳҳо мардумро огоҳ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |