Вазорати тандурустӣ: Агар ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шавад, ба Паймона аробачаи маъюбӣ медиҳем
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешниҳоди аробачаи маъюбӣ ба Паймона, як духтарчаи 5-cолаи маълул изҳори омодагӣ кардааст.
5 июн “Озодагон” бо нашри як хабар – “Дасти хайр: Ёрӣ диҳед, то Паймона соҳиби аробачаи маъюбӣ шавад” аз номи Маркази дастгирии оила -- “Умед” аз мардуми саховатманди кишвар даъват карда буд, барои соҳиби аробачаи маъюбӣ шудани Паймона ёрӣ бидиҳанд.
Вазорат дар ҷавоб ба ин хабар бо ирсоли як нома унвонии “Озодагон” гуфтааст, тибқи “Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, таҳти №604 тасдиқ шудааст, таъминот бо аробачаи маъюбӣ дар асоси ариза, нусхаи шиноснома,хулосаи шӯъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ё маркази саломатии ҷойи истиқомат тавассути бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи навбат амалӣ карда мешавад”.
Дар ин нома, ки бо имзои Қ.Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ирсол шудааст, гуфта мешавад, “вазорат омодааст, ки баъди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Пайвона як адад аробачаи маъюбии ройгон ҷудо намояд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |