Бино ба гуфтаи Эҳсонулло Эҳсон сухангӯи гурӯҳи «Таҳрики толибони Покистон», намояндагони ин ҳаракат бо «Ал Қойида» гуфтугузор доштаанд, Сайф ул Адл Англияро маркази Аврупо донистааст ва гуфтааст, сараввал бояд онро тахриб кард. Ӯ гуфтааст, бо ин роҳ мехоҳад, хунбаҳои устодаш Усома бин Лоданро бистонад.
Гуфта мешавад, Сайф ул Адли 51 -сола зимни як ҳамойиши гурӯҳи «Толибон» ва «Ал Қойида» дар сарҳади Покистон ба ҳайси сарвари «Ал -Қойида» пазируфта шудааст. Сайф ал Адл пештар сарварии хадамоти амниятии Усома бин Лоданро ба ӯҳда дошта, бо лақаби «Шамшери Ислом» машҳур мебошад ва ҳамчунин зидди нерӯҳои Шӯравӣ дар хоки Афғонистон дар солҳои 1979-1989 ҷангида будааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |