Бахшҳо

Вазири афғон: Русия мехоҳад, тариқи CASA-1000 барқи “Сангтӯда 1”-ро фурӯшад

Русия хостааст, дар лоиҳаи бунёди CASA-1000, хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон иштирок кунад.

Дар ин бора Алӣ Аҳмад Oсмонӣ, вазири об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳошияи намоишгоҳи ЭКСПО-2017 дар Остона иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вазири об ва энергетикаи Афғонистон дархост аз ҷониби Русия зери имзои муовини вазири энергетикаи ин кишвар ворид шудааст ва Кобул онро пазируфт: “Мо чанде пеш аз ҳукумати Русия дархосте гирифтем, ки эшон хосторанд дар лоиҳаи CASA-1000, ки интиқоли неруи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Ҷанубӣ, аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ мекунад, ҳамроҳ шаванд. Онҳо мехоҳанд ду хатро якҷо карда дар содироти неруи барқ ба Осиёи Ҷанубӣ ширкат кунанд, зеро Русия дар Тоҷикистон НБО-и Сангтӯдаро дорад”.

Лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ карда, арзиши лоиҳа - $ 1 миллиардро ташкил медиҳад. НБО-и Сангтуда -1, ки иқтидори умумияш 670 мВт аст, соли 2009 ба фаъолият оғоз намуда 75% саҳмияҳояш ба Русия 25% ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Мӯҳр
Русссия мехохад дар ин самт боз найраги худро пешниход кунад.

"Дузди зур соҳиби говро бастааст!"
Оё ягон корхона кон (шахта) роҳҳо...умуман бо ТҶ ягон чиз таалуқ дорад.
Истиқлолаш ҳамин будаастда.

Россияро рох додан мумкин нест. Обро лой мекунад.Барои Россия шуда аз Точикистон хама руй мегардонад.

Тажикча
Акуунн... урус бисёр хобҳои зур мебинаду... ин хобоша рафта ба дарёи Енисей ё Волга мегуфт беҳтар буд.
Русҳо аз рӯзи аввал муқобили ин тарҳ буданд ва ҳастанд. Диданд, ки бо таҳдид намешавад, чанд сол пеш "омодагии" худошона барои пурра сохтан ва ба истифода додани КАСА пеш гузоштанд, аммо бо шарте ки идораи хати барқ дар дасти онҳо монад. Табиист ки касе розӣ нашуд.
Урус ба ҳар роҳ мехоҳад, пеши ҳама гуна пешравӣ ва истиқлолияти иқтисодиву энергетикии Тоҷикистонро гирад. Мехоҳад бо "запудривать" кардани мағзи сари афғону покистонӣ дар ин лоиҳа ворид шаваду онро ҷанини мурда гардонад ва баъди чанде ин лоиҳа аз харитаи энергетикии минтақа исқоти ҳамл шавад. Тамом. Урус дигар ягон мақсад надорад. Урус эҳтиёҷ барои пули Сангтудаву фурӯши барқи он надорад.
Бубинед, ки аз рӯзе ки он нерӯгоҳ кор мекунад, моҳи ноябр агрегатҳоро хомӯш карда, то моҳи апрел "технические работы" мегузаронанд. Ногуфта намонад, Сангтуда-1 чандин бор дар фасли сармо бе огоҳӣ ва берун аз нақша ба шабакаҳои ҷануб худро пайвасту хомӯш кардааст, ки сабаби рӯх додани ҳолатҳои садамавӣ шудааст, инро ҳама энергетикҳои Тоҷикистон медонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)