Бахшҳо
12 июн 2017 08:45Тоҷикистон / Сиёсат

Баҳои баланди Гутерриш ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид ҳамкориҳои Душанбе бо ин созмонро муҳим ва пурарзиш хондааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, дар ин мулоқот, ки 11 июн дар Душанбе баргузор шуд, ба муҳимияти ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар истифодаи боэътимод ва самараноки имкониятҳои энергетикӣ, василаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ ва иқтидорҳои бузурги кишоварзӣ таъкид шудааст. Манбаъ мегӯяд, Антониу Гутерриш ба нақши Тоҷикистон ва раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намудааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон дар роҳандозии рӯзномаи марбут ба масъалаҳои оби СММ фаъолона ширкат варзида, минбаъд низ ҳамчун ташаббускори баррасии масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ дар татбиқи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати истифодаи пойдори ин неъмати ҳаётан муҳим саҳми фаъол мегузорад: “Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббусҳои глобалии “энергияи устувор” ва “энергияи сабз” барои ҳама бори дигар таъкид гардида, истифодаи иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз лиҳози истеҳсоли барқи тоза беназир мебошанд, барои минтақа пураҳмият арзёбӣ шуд”.

Дар ин мулоқот миёни ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорҳои судманд дар таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсию низомии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳавасмандии зиёд зоҳир гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СММ ҳамчунин доир ба масъалаи кори рӯзномаи чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”, ки баргузории он дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Ин нахустин дидори Антониу Гутерриш ба ҳайси дабири кулли Созмони милали муттаҳид аз Тоҷикистон аст. Ӯ рӯзи 11 июн вориди Душанбе шуд. Дар ростои сафари вай ба Тоҷикистон Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар ё “Human Rights Watch” даъват кард, дар ин дидор масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар меҳвари мулоқотҳояш қарор бидиҳад. Ин созмон бо нашри як изҳорот гуфт, дабири кулли СММ бояд аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кунад, то силсилаи нақзи ҳуқуқи инсон, аз қабили фишор болои мухолифину ҳабси фаъолонро хотима диҳад: “Дабири кулли СММ бояд пойфишорӣ кунад, то ҳуқуқшиносҳои фаъол аз қабили Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Шуҳрат Қудратов аз зиндон озод шаванд. Фишор болои наздикони мухолифини ҳукумат, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, хотима дода шавад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)