Бахшҳо

Таҳқиқи талаби пора аз Маҳдӣ Собир: Порахоҳ милисаи “сохта” будаст

Маҳдӣ Собир, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи талаби пора дар Маркази иттилооти ВКД муайян кардааст, ки нафари порахоҳ ҳеч рабте ба милиса тоҷик надорад.

Маҳдӣ Собир 8-уми июн бо нашри як муроҷиатнома ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, “дирӯз бояд барои 2 фарзандам маълумотномаи Маркази ахборотии ВКД-ро мегирифтам... Ба ман яке аз кормандони ин ниҳод гуфт, ки ҳоло мо бояд 10 ҳазор нафарро аз тафтиш гузаронем. Баъди 20 рӯз навбати Шумо мерасад. Агар хоҳед, ки коратон дар 1 рӯз ҳал шавад 300 сомонӣ дихед. Пагоҳ омада маълумотномаҳоро гиред”.

Ба гуфтаи Маҳдӣ Собир дар пайи нашри ин муроҷиатнома кормандони амнияти дохилии ВКД аз пайи таҳқиқи қазия шуда, “муайян намудаанд, нафаре, ки аз ман пул талаб кард, корманди милитсия набудааст ва дар маркази иттилооти ВКД ҳам кор намекардааст”.

Дар сипоснома ба Рамазон Раҳимзода, ки Маҳдӣ Собир тоза дар сафҳаи фейсбукияш нашр кардааст, аз ҷумла омадааст: “Ҳоло дар ҷумҳурӣ нафароне ҳастанд, ки ба корманди милитсия ҳеч алоқае надоранд, аммо онҳо худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, барои иҷрои ин ё он кор аз шаҳрвандон маблағ талаб менамоянд. Айнан дар номаи навиштаи ман ҳам чунин хато рафтааст. Шахси ношинос худро корманди милиса муарифӣ карда, барои гирифтани ду маълумотнома аз ман 300 сомонӣ талаб карда буд”.

Мӯҳр
гастарбайтер
Али
хамин тавр мачбур мешави аз аризаи навиштаат даст каши

Нодон
хахахах рост мегуйи, холо нагуфти ки худам гунахгорам соз

хахахахаххаахахахаахахахаа
Милисахои сохта ин кадар бисёр шудаанд))))

мили
ё Маркази иттилооти ВКД чои рахгузараст
ё Маҳдӣ Собир дуруя

Хочи
Бобои Махди! Шумо он кадар марди содда нестед, ки ба доми ким кадом "мошенник" афтед.

Саид
Чаноби Махди ин харфро каси дигар мегуфт шояд бовар мекардем, аммо шумо тахсил карда ва корманди як Маркази бузургед. Чи чури метавонед чуни харф бизанед? “муайян намудаанд, нафаре, ки аз ман пул талаб кард, корманди милитсия набудааст ва дар маркази иттилооти ВКД ҳам кор намекардааст”. Пас шумо ба кучо мурочиат кардед? е хамту дар рох ин шахси пулталабро дидед ва у аз хама корхои ВКД бо хабар будаст?...

Пешниҳод мекунам ба Маҳдии Собир премияи Оскар дода шавад

беном
чанд сол пеш дар чумхури Микрафони Озод кушода буданд.Як руз дар Микрафони Озод км дар шабакаи 1-пахш мешуд,як гул фуруш баромад карда буд ки гул фурушаму шикоят аз нозирони андоз намуда буд.Дар барномаи дигари Микрафони Озод хамон мард баромад намуда гуфт ки бояд хамма андоз супоранда бошад'аммо дасташ дар гарданаш баста буд.

Зафар
Бояд хамон одамро дошта ба чавобгари мекашиданд. Чунки хамин хел одамон аз шахрвандон пора талаб мекунанду мардумро саргардон мекунанд. Пора гирифта кори шахрвандон баъд тамом мекунанду номи миллисаро паст мекунад.

Бехруз
хай вай ки коргари Милиса набоша дар ончо чи кор мекардай. Ачаб рафтору гуфтор хайрон мемони

бие мон, тарсиди.... тарсонданд. аз гапат гашти.

афанди
пафахахаха
хандаам омад...хмм

Юнус
Ин чи гуна давлат, ки дар даруни идораи милитсия шахси бегона аз шахрвандон пул меситонаду то шахрванд шикоят накунад, милисахо хатто бехабар?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)