Тамаъҷӯӣ: Раис пул деҳ, вагарна фасодкориятро фош мекунам
Мақомоти милисаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боздошти як сокини 39-солаи ноҳия хабар доданд, ки дар тамаъҷӯӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздоштшуда, 27-уми апрели соли 2017, ба назди раиси 47-солаи яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Ёва омада, таҳдид кардааст, ки агар ба ӯ пул надиҳад, фасодкорияшро фош мекунад. Бар асоси иттилои ВКД маълумоти беобурӯкунанда аз он иборат аст, ки гӯиё раис бо сӯиистифода аз мансаб 5-га замини шолӣ ва хошоки шолиро тасарруф ва азони худ намудааст: “Бо ҳамин роҳ боздоштшуда аз раис 10 ҳазор сомониро талаб карда гирифтааст”.
ВКД афзуд, ки муттаҳам дар тамаъкорӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қаноат накарда, 5-уми июн ба раис боз изҳор доштааст, ки ӯ дар давраи фаъолияти кориаш аз насоси обкашӣ ва фурӯши маҳсулоти шолӣ маблағи калони пулӣ ба даст овардааст ва боз 10 ҳазор сомонии дигарро талаб намудааст: “Ин дафъа, гумонбаршуда ҳангоми гирифтани маблағ дастгир гардид”.
ВКД дар мавриди раис, ки бори аввал аз тарси фош нашудани фасодкориҳояш 10 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст, чизе нагуфтааст. Аммо дар мавриди муттаҳам дар тамаъкорӣ изҳор доштааст, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |