Ҳинду Покистон узви СҲШ шуданд: Эрон монд...
Сарони кишварҳои узви Шонҳой имрӯз, 9-уми июн дар Остона 11 созишномаро имзо намуда, аз ҷумла Ҳинду Покистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи ин созмон қабул намуданд.
Тибқи иттилои Рашид Олимов, дабири кулли СҲШ сарони Тоҷикистон, Узбакистон, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия инчунин Эъломияи Остона, Конвенсияи СҲШ дар мавриди муборизаи муштарак бо терроризм, созишномаи рушди сайёҳиро имзо намуданд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки сарони кишварҳо дархости Эрон барои узвият дар СҲШ-ро баррасӣ кардаанд, аммо натиҷаи он то ҳол ироа нашудааст. Қаблан Чину Русия ҷонибдорияшонро аз узвияти Эрон дар СҲШ баён доштанд.
Дар ҳамин ҳол мубориза бо терроризм аз мавзӯҳои меҳварии мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ буд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳушдор дод, ки ДИИШ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият дорад ва талош дорад, ки дар ин минтақа ва ҷануби Русия нооромиро ба вуҷуд орад.
Ӯ зарур хондааст, ҳамоҳангӣ миёни сохторҳои махсуси кишварҳои узви СҲШ пурзӯр карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |