Бахшҳо

“Дар сиёсати дарозмуддат равобити сард бо САҲА ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд”

Бо пофишории Тоҷикистон Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) мақомашро дар Душанбе тағйир дод ва акнун танҳо “Дафтари барномаҳои САҲА” мебошад. Бахшҳои ин созмон дар 5 минтақаи Тоҷикистон низ баста шудаанд. Дар ин робита, “Озодагон” аз коршиносону соҳибназарон пурсид: ТАҒЙИРИ МАҚОМИ САҲА ЧӢ ЗАРАРЕ БА ТОҶИКИСТОН ДОРАД?

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос
Бидуни шакк тағйири вазъи ҳуқуқӣ боиси ихтисори кормандони он низ мешаванд. Мушоҳидаю таҳлилҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон бар хилофи ҳадафу арзишҳои САҲА, ки заминаи онро санади ниҳоии Ҳелсинки муқаррар мекунад, бо дар назардошти манфиатҳои худ мехоҳад, ин созмон дар кишвар ба масоили ҳуқуқи инсон, рушди равия ва мафкураҳои гуногуни сиёсӣ, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандию озодии байёну нашрияҳо ва воситаҳои ахбори омма мутаваҷҷеҳ нашуда, авлавиятро ба хамкорӣ бо мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мусоидат дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва масъалаҳои муҳити зист бидиҳад. Бо вуҷуди он ки чанд соли охир САҲА бо риояи усулҳои дипломатӣ воқеан дар аксар мавридҳо дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барномаю лоиҳаҳои худро анҷом медиҳад, аммо шояд тавсияю таҷрибаи омилҳои хориҷӣ, ба хусус давлатҳои алоҳидаи низоми худкома бошад, ҳукумати Тоҷикистон чунин тасмим гирифт. Ба андешаи ман натиҷаи ин танишҳо дар ташаккули афкори байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад ва ба манфиати Тоҷикистон низ нест.

Олимҷон САЛИМЗОДА, раиси Кумитаи байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон.
Поин овардани мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва маҳдуд шудани фаъолияти он, ба ҳамкориҳои усулии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо Тоҷикистон асари ҷиддӣ намегузорад. Тоҷикистон ба ҳамкориҳо бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бахшҳои иҷтимоӣ, низомӣ, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ҳамчунон идома медиҳад. Сабабҳои сард шудани равобити Тоҷикистон бо САҲА ширкати гуруҳҳои мухолифони давлати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ин созмон дар шаҳри Варшава дар моҳи сентябри соли гузашта буд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба унвони шарик ва ҳамкори Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ набояд ба ҳузури аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва намояндагони гурӯҳҳои дигари мухолифон, ки фаъолияти онҳо дар кишвар мамнӯъ аст ва бархе аз онҳо террорист эълон шудаанд, иҷозат медод. Агар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо мақсади ташкили муколамаи мухолифон бо давлатро медошт, ҷониби Тоҷикистонро огоҳ мекард, то ин муколама бо омодагии ҳамаҷониба ва пурсамар, анҷом шавад. Бо вуҷуди ихтилофи назарҳои мавҷуда САҲА ва Тоҷикистон дар заминаҳои рушди демократия, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, муқобила бо хатарҳои террористию ифротгароӣ бо ҳам ҳамкорӣ хоҳанд кард. Парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи Парлумонии САҲА ҳамкориҳои густарда дорад ва ҳайати парлумонии Тоҷикистон мунтазам дар ҷаласаҳои ин ниҳод ширкат мекунад. Дар назар аст, ҳайати парлумонии Тоҷикистондар ҷаласаи Ассамблеяи Парлумонӣ дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус дар дар моҳи оянда ширкат кунад.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос
Аз фаъолият бозмондани бахшҳои САҲА дар минтақаҳои Тоҷикистон, ба ҳеч ваҷҳ ба манфиати Тоҷикистон нест. Ин созмон аз шумори ками созмонҳои байналмилалие буд, ки дар минтақаҳои кишвар дафтарҳои худро дошт ва на фақат дар рушди демократия, балки кумакҳои молӣ ҳам мекарданд. Фикр мекунам дар сиёсати дарозмуддат равобити сард бо САҲА ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд, зеро кишварҳои узви САҲА пеш аз ҳамкорӣ бо кишваре ҳатман мавқеи ин созмонро дар қиболи кишвари мазкур ба назар мегиранд. Гузашта аз ин, сардии равобит ҳатто ба тасмимгирии ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва сармоягузорони хусусӣ таъсиргузор аст.

Нуралӣ ДАВЛАТОВ, муаррих
Ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ҳудуди 10 соли охир нисбат ба даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои нахустини баъди имзо шудани Созишномаи сулҳ тақрибан камранг буд. Асосан изҳорот ва ё ҳисобот дар мавриди интихоботҳо ва ё ҳимоя аз расонаҳо пахш мекарду халос. Ҳамкории ин созмон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам ба ҳар сурат дар расонаҳо ё дуруст инъикос намешуд ё ин ҳамкорӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)