Муҷозоти сармураббӣ ва ду бозигари “Равшан”-и Кӯлоб
Кумитаи одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон Ғайрат Мираҳмадов, сармураббии тими “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ва ду бозигари ин тим -- Абдураҳмон Нозимову Сайдамири Сайдаҳмадро муҷозот кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, Ғайрат Мираҳмадов барои таҳқири доварон дар дидори “Равшан” ва “Барқчӣ”, ки рӯзи 1 июн дар доираи бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд, аз ҳаққи иштирок дар 5 мусобиқа маҳрум шуда, бар илова ба пардохти 500 сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Абдураҳмон Нозимов барои задани сардовар аз ҳамаи мусобиқоти таҳти сарпарастии ФФТ маҳрум ва 1250 сомонӣ ҷарима шуда, Сайидамири Сайидаҳмад барои талоши истифодаи қувваи ҷисмонӣ нисбат ба сардовар аз чор бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима гардидааст.
Бо қарори Кумитаи назорату одоби ФФТ, инчунин дастаи “Ҳулбук” барои ҳозир нашудан ба бозии ҷавобӣ бо “Эсхата” 10 ҳазор сомонӣ ҷарима ва бозигаронаш Сафаралӣ Султонов, Исохӯҷа Раҳматов бо ҷурмҳои гуногун аз ҳаққи иштирок аз 1 то 4 бозӣ маҳрум ва аз 150 то 250 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Дафтари матбуоти ФФТ меафзояд, ҳамчунин барои қоидавайронкуниҳои гуногун бозигарон Содиқ Мусо ва Сафаралӣ Каримов (“Ҳосилот”) аз ҳаққи иштирок дар се бозӣ ва Далерҷон Тухтасунов (“Хуҷанд”) аз ҳаққи иштирок дар як бозӣ маҳрум гардидааст. Тухтасунов ҳамчунин ба пардохти 300 сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |