Кори хайр: Ҳоҷии 68-сола деҳаи Хоҷағалтонро сероб кард
Як ҳоҷии 68-сола аз ноҳияи Восеъ бо маблағи худ ба рустои Хоҷағалтони ҷамоати ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳия хатти об кашидааст.
Ба гуфтаи сокинони ин деҳа, онҳо 14 соли ахир аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашиданд. Ҳоҷӣ Рустамхон Бобоев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин корро аз пасандози нафақааш анҷом дод. “Корҳо моҳи майи соли равон оғоз шуд ва айни замон дар масофаи 1 км ба деҳа об кашондем. Ин корро ба хотири мардуми бечора, ки аз надоштани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашид, ба сомон расонидам”,-афзуд ӯ.
Сайфуллои Шамшод як сокини деҳаи Хоҷағалтон гуфт, дар гузашта сокинон дар чор фасли сол ба мушкили беобӣ рӯбарӯ буданд: “Аз масофаи 3 км бо хар оби ошомиданӣ мекашондем. Имрӯз ин мушкил дар деҳа ва мактаб ҳал шуд. Ҳоло дар ҳар кӯчае, ки мегузарӣ об ҳаст”.
Ҳоҷӣ Рустамхон Бобоев мегӯяд, ният дорад, ояндаи наздик барои сангфарш кардани роҳи ин деҳа низ саҳм гузорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |