Боздошти Лутфулло, “авторитет”-и ҷиноӣ: Аз шарҳи мақомоти тоҷик то зарба ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҷаббор
Вазорати умури дохилии Русия Лутфулло Муҳаммадиев, яке аз “авторитет”-ҳои тоҷики олами ҷиноии Русияро дар яке аз паноҳгоҳҳояш дар шаҳри Вязники вилояти Владимир боздошт кардааст.
Дар ин бора “Росбалт” аз қавли манобеяш хабар дода, афзудааст, ки Лутфулло дар гузашта яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи ВКД-и Тоҷикистон будааст.
Ба иттилои манбаъ аз Лутфулло норинҷак, нашъа ва адабиёти гуногун дарёфт шудааст, ки феълан барои ташхис равон гардидааст.
Расонаҳои Русия ин боздоштро зарбаи ҷиддӣ ба гуруҳи ҷиноии “Ҳоҷӣ Абдуҷаббор” арзёбӣ кардаанд, зеро Лутфулло дар ин гуруҳ масъули бахши қудратӣ будааст. Феълан алайҳи Лутфулло Муҳаммадиев бо иттиҳоми нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва нашъа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари расонаҳои Русия дар бораи Лутфулло, “авторитет”-и тоҷики олами ҷиноиро, ки дар гузашта гӯиё фармондеҳии воҳиди вижаи мақомоти умури дохилии Тоҷикистонро ба уҳда доштааст, рад намуд.
Ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон Муҳаммадиев Лутфулло Абдуҳамидович, командири ягон воҳидоти махсуси ВКД набуда, танҳо ба ҳайси корманди оперативии яке аз раёсатҳои ВКД фаъолият намудааст: “Муҳаммадиев Лутфулло Абдуҳамидович 15 сол пеш, яъне соли 2001 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани амале, ки ба шаъну эътибори корманди милитсия доғ меорад, аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки охири соли 2016 хабарҳо дар бораи шиддат гирифтани муноқиша миёни Лутфулло ва Ҳоҷӣ Абдуҷаббор нашр гардиданд.
Расонаи “Росбалт” аз қавли манобеяш навишта буд, ки Лутфулло, яке аз “авторитет”-ҳои тоҷики олами ҷиноии Русия ахиран маҷруҳ шуда, ваъда додааст, ки қасосашро мегирад. Ба навиштаи манбаъ Лутфулло, ки дар гузашта дар мақомоти низомии Тоҷикистон кор мекардааст, дар сӯиқасд ба ҷонаш саркардаи дигари олами ҷиноӣ Ҳоҷӣ Абуҷабборро гунаҳкор медонад.
Ҳоҷӣ Абуҷаббор ва Лутфулло, ки дар гузашта аз дӯстони наздик будаанд, тамоми муҳоҷирони тоҷикро, ки дар марказҳои савдои “Москва”, “Южный двор”, бозори “Садовод” ва қабристонҳо кор мекунанд, таҳти назорат доштаанд.
Лутфулло барои расидан ба ин сатҳ Абдуҷабборро дастгирӣ кардааст ва барои ин кораш даромад ба даст меовардааст. Аммо, Абуҷаббор ахиран гуруҳи худро ташкил карда, ҳаққи Лутфуллоро кам кардааст, ки чунин тасмими ӯ муноқишаи ин ду дӯстро ба бор овардааст.
Дар пайи ин вазъият Абдуҷаббор Маскавро тарк мекунад ва Лутфулло низ ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифта захмӣ мешавад.
Ба навиштаи “Росбалт”Абдуҷабборро дар ташкили ҳамла ба Лутфулло гумонбар мекунанд: “Худи Абдуҷаббор баъди бозгашташ ҳодисаи рафтан аз Маскавро ингуна шарҳ додааст. Кормандони мақомот шиносномаи ӯро ғайриқонунӣ дониста онро дарондаанд. Ӯ ба ин далел Маскавро ба қасди Тоҷикистон тарк мекунад. Онҷо шиносномаи дуруст карда ба Русия бармегардад”.
Ба навиштаи “Росбалт” Лутфулло замоне сарбозони омӯзишдидаи бисёре дар ҳайати худ доштааст.
Аммо, ахиран Абуҷаббор гуруҳи калони варзишгаронро таҳти нуфузи худ гирифта, ҳатто мусобиқаҳои варзишӣ ҳам мегузаронад. Ба ин тартиб “Росбалт” аз қавли манбаи худ дар ниҳодҳои интизомӣ навиштааст: “Агар ин ҷанг ба марҳилаҳои фаъолтар гузарад қурбониҳои бисёреро интизор доштан имкон дорад, ки дар қиёс ба қазияи Хованское бузургтар хоҳад буд. Зимнан дар ин муноқиша одамони Абуҷаббор низ даст доштанд”.
“Росбалт” дар бахши дигари матлабаш дар бораи фаъолиятҳои ҷиноии Шуҳрат, шаҳрванди Тоҷикистон, Мустафо, фармондеҳи собиқи неруҳои вижаи Тоҷикистон ва бародари ҳамсари Лутфулло навишта буд, ки замоне аз сӯи Олег Ашхабадский, нафари бонуфузи олами ҷиноӣ барои ҷамъ кардани пул аз муҳоҷирон таъйин шудаанд. Тамоми ҷараёни ҷамъоварии пул тавассути Абуҷаббор анҷом шудааст. Ба ин тартиб, Абуҷаббор тадриҷан дар пулҷамъкунӣ аз муҳоҷирон худашро бозигари мустақил эълон кардааст.
Дар пайи ин Мустафо кушта мешавад ва чанде пас Шуҳрат низ дар ноҳияи Домодедови Маскав кушта мешавад.
Мақомоти Русия Абуҷабборро дар кушта шудани ин ду тан гумонбар медонанд. Ба гуфтаи онҳо Лутфулло, ки дар олами ҷиноӣ бо номи Анвар маъруф аст, дар амалӣ кардани ин куштор ба ӯ кумак кардааст.
Моҳи майи соли гузашта “Росбалт” дар пайи муноқишаи маргбори “Хованское” иттилоъ дода буд, ки баъди омӯзиш, маъмурини пулис муайян кардаанд, ки вазъ дар бархе аз бозору марказҳои савдо, махсусан дар минтақаи “МКАД” ва “Люблино” муташанниҷ аст, зеро “ҳақситонӣ”-ҳои ғайриқонунӣ афзоиш ёфтаанд: “Якбора зиёд шудани ҳаҷми ҳақситонӣ боиси норозигии ҳазорҳо муҳоҷири меҳнатӣ шудааст, ки қисмати зиёди музди худро ба ҷинояткорон медиҳанд”.
Юрий Вершоев, муаллифи ин матлаб аз қавли манобеаш навишта буд, ки ҳақситонӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозору марказҳои савдо дар пайи созиши сохторҳои ҷиноӣ бо раисони бозорҳо роҳандозӣ шудааст: “Аз ҷониби олами ҷиноӣ ин равандро “дузди қонунӣ” Олег Михаелян бо тахаллуси Олег Ашхабадский назорат мекард. Ӯ ба ҳайси нозир Шуҳрати тоҷик, ки миёни муҳоҷирон нуфуз доштааст, таъин намудааст. Шуҳрат дар навбати худ барои пуштибонии ҷисмонӣ Мустафо, собиқ фармондеҳи яке аз воҳидҳои махсуси қудратии Тоҷикистонро ҷалб кардааст. Ҷамъоварии бевоситаи маблағ ба дӯши Ҳоҷӣ Ҷаббор ва Ҳоҷӣ Самад, бригадирҳои аробаю боркашҳо вогузор шуда буд”.
Ба иттилои манобеи “Росбалт”, бо мурури замон нақши ҳоҷиҳо Ҷаббор ва Самад дар ҷамъоварии маблағҳо афзоиш ёфт ва онҳо мустақилтар шуданд. Бо роҳбарони бозору марказҳои савдо робитаи мустақим барқарор карда, ҷамъоварии маблағҳоро ба дасти худ гирифтанд.
Вершов моҳи майи соли равон навишта буд, ки чанде қабл Мустафо ба ҷони худ хатарро эҳсос карда, дар вилояти Кострома хона харидааст: “Аммо ним сол пеш бо зарби 14 тир дар пеши дари хонааш кушта шудааст. Баъдан Шуҳратро низ дар ноҳияи Домодедова парондаанд”.
Юрий Вершов таъкид намудааст, ки дар аҳди Ҳоҷӣ Самад ва Ҳоҷӣ Ҷаббор ҳаҷми ҳақситониҳо афзоиш ёфт, ки ин норозигии муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд овардааст: “Афродеро, ки норозигӣ баён мекунанд, латтукӯб мекунанд, аз ҷои кор меронанд”.
Манбаи “Робалт” ҳушдор дода буд, ки бархилофи муноқишаи “Хованское”, ки садҳо иштирокчӣ дошт, дар муноқишаҳои нави эҳтимолӣ сухан аз ҳазорҳо афроди норозӣ меравад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |