Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз сӯи Бунёди Оқохон таъсис ёфта ва бар иловаи Норин дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон ва Текелии Қазоқистон ҳам биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ дорад.
Расонаҳои қирғизӣ навореро нашр карда ва гуфтаанд, гуруҳе аз ҷавонони шаҳри Норин 8 июн бо талаби муҷозоти омилони ҳодисаи 27 май дар бинои донишгоҳ таҷамӯъ кардаанд. Ба иттилои расонаҳо, 27 май дар мусобиқаи баскетбол, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ миёни донишгоҳҳо ва дастаҳои ҷавонони маҳаллӣ доир шуд, байни бозигарону мухлисон занозанӣ шудааст. Муътаризон донишҷӯёни тоҷикро омили ин занозанӣ медонанд. Дар наворҳое, ки расонаҳо нашр кардаанд, дида мешавад, ки Амонбой Кайипов, волии вилояти Норин ва кормандони пулис ҳам онҷо ҳузур дорад. Аммо ҷавонони маҳаллӣ на ба волӣ ва на ба узрхоҳии масъули донишгоҳ аҳамият надода, ба навиштаи расонаҳо, донишҷӯёни тоҷик ва кормандони донишгоҳро маҷбур кардаанд, зону зада, бахшиш пурсанд. Онҳо ин лаҳзаҳоро дар телефонҳояшон сабт карда ва қарсак мезананд. Расонаҳо менависанд, муътаризон танҳо баъди ин бинои донишгоҳро тарк кардаанд. Нурлан Сарчаев, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Норин ба нашрияи "Турмуш" гуфтааст, пулис ба баррасии ин моҷаро шурӯъ карда ва қарор аст, 10 июн бо ҷавонони маҳаллӣ мулоқот доир шавад.