Э.Раҳмон барои пазируфтани Ҳинду Покистон ба СҲШ рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми июн барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рафт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, вазири фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ, ки 8 ва 9-уми июн идома меёбад, ҳодисаи калидӣ пазироии Ҳиндустону Покистон ба ҳайати ин созмон мебошад. Инчунин дар назар аст, ки масъалаи узвияти Эрон низ баррасӣ шавад.
Рашид Олимов, дипломати тоҷик, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай мегӯяд, баъди узвияти Ҳиндустон ва Покистон ин созмон наздики 44%-и аҳолии курраи Заминро фаро хоҳад гирифт. Ба гуфти ӯ ҷуғрофиёи Созмон ҳамакнун аз Атлантика то уқёнуси Ҳинд, дар шарқ то Лянюнгани Чин ва дар ғарб то Калининград тӯл хоҳад кашид: “Ба ин созмон наздики 44%-и аҳолии курра ва 20-25%-и ММД-и ҷаҳон дохил мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |