HRW: Дабири СММ озодии Қудратов, Ёров,...-ро талаб кунад
Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар “Human Rights Watch” аз Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостааст, аз 8 то 13-уми июн, зимни нахустин сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар меҳвари мулоқотҳояш қарор диҳад.
Тибқи изҳороти Дидбони ҳуқуқи башар сафари Гутерриш имкони хуб барои изҳори нигаронӣ аз нақзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи олӣ мебошад.
Ҳю Вилиамсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмони HRW, мегӯяд, нақзи ҳуқуқи башар, аз қабили шиканҷа, ҳабсҳои сиёсӣ, маҳдудияти озодии баёну ақида ва фишор болои созмонҳои ғайриҳукуматию расонаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле густурда паҳн шудааст.
Ба гуфтаи Виллиамсон ҳомиёни ҳуқуқи башар интизоранд, ки Гутерриш аз роҳбарони Осиёи Марказӣ талаб мекунад, то уҳдадориҳояшонро дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ иҷро кунанд.
Тибқи изҳороти ин созмон сафари дабири кулли СММ ба Тоҷикистон дар ҳоле рост меояд, нақзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи баландтарин тайи 20 соли охир қарор дорад: “Гутерриш бояд аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кунад, то силсилаи нақзи ҳуқуқи инсон, аз қабили фишор болои мухолифину ҳабси фаъолонро хотима диҳад. Дабири кулли СММ бояд пойфишорӣ кунад, то ҳуқуқшиносҳои фаъол аз қабили Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Шуҳрат Қудратов аз зиндон озод шаванд. Фишор болои наздикони мухолифини ҳукумат, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, хотима дода шавад”.
Антонио Гутерриш дар назар аст, ки 12-уми июн аз Тоҷикистон боздид кунад. Дар ин бора маркази иттилооти СММ хабар дода, афзудааст, ки зимни ин сафар мулоқоти Гутерриш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |