Духтараки укроинӣ бо қироати Қуръон шабакаҳои иҷтимоиро тасхир кард (ВИДЕО)
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду навори қироати чанд сураи Қуръони карим аз сӯи як духтарчаи укроинӣ дар чархиш аст.
Дар оғози ҳар дуи ин навор духтарча мегӯяд, ки Лена ном дорад. Дар як навор, ки 1 дақиқаву 41 сония аст, ӯ мегӯяд, 10 сол дорад ва баъдан ин ҷумларо бо арабӣ такрор мекунад. Зоҳиран, ин навор қабл аз соли нави мелодии соли 2017 сабт шудааст, зеро ӯ дар идома бо русӣ мегӯяд, дар Соли нав бо камоли хурсандӣ Қуръон қироат мекунад. Пасон сураҳои “Фотиҳа”, “Кавсар” ва “Ихлос”-ро қироат мекунад. Дар навори дуюм низ, ки 1 дақиқаву чор сония тӯл дорад, Лена ҳамин сураҳоро мехонад, аммо қабл аз он бо забони арабӣ мепурсад, “Аҳволатон чӣ хел аст?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |