Истиқболи Бонки Ҷаҳонӣ аз гармшавии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадидаш дар бораи рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2017-2018 аз гармшавии муносибот миёни кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон истиқбол кардааст.
Бонки Ҷаҳонӣ гармшавии муносибот, аз ҷумла роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Тошкандро паёми хубе барои рушди минтақа гуфта, изҳор доштааст, ки наздикшавии кишварҳои минтақа хатари рукуди иқтисодиро кам мекунад.
Дар қатори омилҳои дигаре, ки барои беҳбуди вазъи иқтисодии Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ дар Русия, болоравии нархи нафт ва дигар маҳсулоти содиротӣ арзёбӣ шудааст.
Тибқи пешбинии Бонки ҷаҳонӣ рушди Тоҷикистон дар соли 2017 ба 5,5 дарсад ва дар соли 2018 ба 5,9 дарсад мерасад: “Нишондоди рушди Қазоқистон мутаносибан 3,4-4 фоиз, Туркманистион 6,3-6,5 фоиз, Узбакистон 7,6-7,7 фоиз дар назар аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |