Қонуни нав: “Оперативник”-ҳо дар интернет фаъол мешаванд

Ҷурахон Маҷидзода, вакили парлумон ва собиқ генерали милиса, мегӯяд, амалиёти оперативӣ ҷӯстуҷӯӣ алайҳи гуруҳҳои ифротгаро дар шабакаи интернет густурда мешавад.
Маҷидзода имрӯз, 7-уми июн, зимни муаррифии тағйирот ба қонун “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” изҳор дошт, ки “ҳадаф аз ин лоиҳа баланд бардоштани сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон ба ифротгароӣ тариқи интернет, мебошад”.
Вакили парлумон афзуд, ки бар асоси як банди лоиҳа дар бораи афроду гуруҳҳое, ки дар интернет ба ҷалби шаҳрвандон ба ҳаракатҳои ифротӣ машғуланд, иттилоъ ҷамъоварӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон 3 миллион муштарии интернет аст, ки 80 дарсади онҳо ҳадафмандона ё ғайриихтиёр метавонанд ба манбаъҳои ифротӣ дастрасӣ дошта бошанд. Маҷидзода илова кард, ки ҳамарӯза дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ 90 ҳазор паёмакҳо ирсол карда мешаванд. Минбаъд истифодабарандагони интернет, вақте фаъолияти таблиғгарони ифротгароиро мебинанд, муваззафанд, ки ба мақомот хабар диҳанд.
Собиқ генерали милиса зарурати мубориза бо ин равандро таъкид намуда, афзуд, ки феълан барои ҷилавгирии он мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо донишҷӯёни пешсаф дар интернет кор бурда истодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |