Бахшҳо

Шветсия: Кишваре, ки ҳаққи мардум бар ҳаққи нахуствазир бартар аст

Луқмон БОЙМАТОВ

6 июн - Рӯзи миллии кишвари Суед (Шветсия) аст. Суед бузургтарин кишвари Скандиновӣ ва шашумин давлати бузурги Урупо маҳсуб мешавад. Ҷамъияташ беш аз 9, 6 миллион нафар. Ҳукумати кишвари Суед - Подшоҳии машрута (конситутсионӣ) аст ва давлат ба шакли порлумонӣ идора мегардад. Подшоҳ дар ин кишвар танҳо мақоми ташрифотӣ дорад ва кишварро Нахуствазир идора мекунад.


Пас аз поёни Ҷанги Сард, Суед дар соли 1995 ба кишварҳои узви НАТО пайваст ва пас аз муддате бо як референдум аз НАТО хориҷ шуд. Ин кишвар узви Иттиҳоди Урупо, Созмони Милали Муттаҳид, Шӯрои Урупо, Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Созмони ҳамкорӣ ва тавсеъаи иқтисодӣ ва Шӯрои Нордик мебошад.

Суед ҳаштумин саронаи тавлиди нохолиси дохилиро дар ҷаҳон доро мебошад ва аз ҷойгоҳи бисёр волое дар ҷанбаҳои мухталифи миллӣ, монанди озодӣ, ихтилофи табақотӣ, рифоҳ (сатҳи зиндагӣ ва маишат) ва тавсеъаи инсонӣ дорад.
Мардуми Суед мисли мардумони Норвеж (Норвегия), Исланд ва Донмарк (Нидерланд) аз шохаи германии ақвоми ҳиндуурупоӣ маҳсуб мешаванд. Табори онон ба вайкингҳо мерасад. Кайфият ва саҳи зиндагии шаҳрвандони суедӣ бисёр боло ва бекорӣ дар ин кишвар пойин аст. Иқтисодаш бар пояи мушорикати мардум дар сармоягузорӣ пойдор мебошад.

Нахуствазир ё Садри Аъзам дар воқеъ раиси Ҳайъати вазирони кишвари Суед аст. Ин мақоми расмӣ-давлатӣ фақат аз тарафи порлумон таъйин ва сабукдӯш мегардад. Ҳукумат бо сарвари нахуствазир дар назди порлумон (Риксдог) посухгӯи фаъолияташ аст. Тибқи Қонуни асосии Суед мақоми нахуствазир масъули таҳия ва пиёда кардани сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар аст. Муҳимтарин вежагии амалкарди нахуствазири кишвар дар умури хориҷӣ ин аст, ки бояд бо парлумон тавофуқ ва ҳамоҳангӣ дошта бошад. Риксдог ҳаққи барканор кардани нахуствазир ва ҳукуматро дорост.

ШАММАЕ АЗ ВЕЖАГИҲОИ БАРХӯРДИ МАРДУМ БО НАХУСТВАЗИРИ ХУД

Мақоми нахуствазир дар кишвар фақат барои хидмат ба мардум аст, на ба хотири раҳнамоӣ ва ҳукумат. Эътибораш ва ҳаққу ҳуқуқи ӯ дар пеши мардум ба андозаи як муаллим ва ё устоди донишгоҳ аст ва беш аз ҳам ин нест. Ҳаққи мардум бар ҳаққи нахуствазир бартар аст. Ҳатто аз наҳваи бархӯрди мардум бо нахуствазири кишварашон метавон возеҳ мушоҳида кард, ки ҳукумат дар ихтиёри мардум аст.
Ҳаргиз нашудааст, ки мардуми Суед ба нахуствазири кишвараш ба алқоби вежа, ба мисли: «Аълоҳазрат», «Ҷаноби олӣ», «Раҳбари миллат», «Падари миллат» ва ғ. муроҷиа намояд. Насби ҳар навъ алқоб ва таърифҳо бар шахсияти нахуствазир дар сунан ва фарҳанги суедӣ ба кулл бегона аст, чаро ки ҳар навъ мадҳиясароӣ бар масъулини кишвардорӣ аз назари мардуми Суед як навъ тавҳин нисбат бар Қонуни асосии кишвар ва меъёрҳои арзиши инсонӣ метавонад бошад.

Ҳеч нашудааст, ки нахуствазиро мардум тантанавор, бо рақсу суруд, бо хондани шеъру таронаҳо, бо ироаи шеъру достонҳо пешвоз гирифта бошанд. Гулрезиҳо зери пойи нахуствазир ё андохтани қолиҳо зери пойи масъулин кишвардорӣ ва ё пешовардани ҷавондухтарону писарон пеши масъулин аз назари суедӣ залил кардани манзалати шахсият ва поймол намудани ҳуқуқи шаҳрванд маҳсуб мешавад.

Падидаи роҳбандон ва ё манъи ҳаққи пиёдагардон дар муҳимтарин хиёбонҳои пойтахт ва ё шаҳрҳои бузург ҳангоми пазириши «меҳмонони олиқадр» ва ё барои ташрифи масъулини боломақоми кишвар бар остонҳо, шаҳру вилоёти кишвар мавҷуд нест. Гузашта аз ин, нахуствазир бидуни ҳамоҳангӣ бо мудирони Коммунҳо (вакилони мардум дар шаҳрҳо) ҳаққи ташриф овардан ба шаҳру вилоёти кишварро надорад.

Дигар аз масъулиятҳои бисёр муҳими Ҳукумати Суед назди мардумаш дифоъ аз ҳаққи шаҳрвандонаш дар кишварҳои хориҷӣ ва ҳалли мушкилоти пешомадаи онҳо дар сарзаминҳои бегона аст. Чунончӣ, барои қиёс, талошҳоеро, ки як сафоратхонаи давлати Суед барои дифоъ аз ҳаққи шаҳрванди 18-солаи туристаш, гӯйем дар Тайланд кардааст, мардуми тоҷик барои дифоъи ҳаққи маъмулии як ҳазор фарзандони ғариби худ дар Русия накардааст.

Сахтарин ҷурми нахуствазир дар назди мардум сӯйистифода аз мақоми худ ва атрофиёнаш аст. Эҷоди ҳар навъ фасод дар кишвар бадтарин ҷурм маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, нахуствазир мувозиби тасмимоташ дар таъйини вазоиф ва масъулиятҳои давлатӣ аст. Истифода аз вуҷуд ва нуфузи хешу табор ва наздиконаш дар сохтори давлату ҳукумат ҷурми дигаре маҳсуб мешавад, ки ҷубронаш барои ҳар масъуле бисёр гарон меафтад.

Нуктаи бисёр муҳим дар шаклгирии давлат ва кайфияти он, на нахуствазир ё шахсияти он, балки он вобаста аст огоҳии худ мардум аз ҳаққи худ. Нахуствазир худ ба худ нахуствазир намешавад, мардум аст, ки ӯро ба ин мақом ниҳодааст. Мардуми Суед аст, ки ҳаққи худро медонад ва назорат бар амали масъулини кишвар дорад. Суедҳо мегӯянд: агар шахс огоҳ набошад, ҳаргиз озод нахоҳад шуд.
Мӯҳр
Аз оянда
Акаи Лукмон барои кишвархои пасошурави кам монд ки ба кишвархои Скандинави бирасанд кам хамин 1000 солаки дигар гузарад хамаш нагз мешавад.
Вакте кухнапарасти ва арабгарои ва аз худбезориву динзадаги мешавад охираш хамин аст зиёд не, 1000 соли дигар, ки суедихо ба сайёрахои дигар рафтаанд бо мардуми дигари урупову омрико ва замин дар ихтиёри арабхост . 1000 соли дигар. Баъд мо хам хамрохи арабхо дар даст як чилд китоб хузури дунёра мебинем, мо неву ояндагони мо.

Ҳоҷӣ
Ин мақолача бо кадом забон навишта шудааст?

Ояндабин
"Дилам бар зиндагӣ сӯзад, Ба ҳоли Рӯдакӣ сӯзад", рости гап дар ин мақолаи начандон калон муаллифи муҳтарам нисбати забони ноби тоҷикӣ ҳурмату эҳтирома умуман ба ҷо наовардаанд. Афсӯс...

Сафархон
Чихел радиои Озоди хамин хел маколахои бо забони нофахморо чоп мекуни.

Мангал
Бехтарин макола. Ана ин мардаки Лукмон вокеан донишманд. Дар зимн бояд гуфт ки гулрезиву тантана ва дар хавои сарду гарм шеьрхонии кудакону наврасону донишчуйон хоси рохбарони кишвархои факир худкома нодида ва заифи заиф аст.

Ба Хочи, Ояндабин ва Сафархон.
Хочи маълум аст ки ту забони модариатро намедони.
Ояндабин. Агар ин кадар забондон боши як бор навиштахои дигари ин муаллифро бихон. Макола хурд аст аммо маъни чукур дорад. Ту мисли курхое рафтор мекуни ки хар чиро дида наметавонанд мегуянд ки бенур аст. Як чумлаи ин олим "Талошҳоеро, ки як сафоратхонаи давлати Суед барои дифоъ аз ҳаққи шаҳрванди 18-солаи туристаш, гӯйем дар Тайланд кардааст, мардуми тоҷик барои дифоъи ҳаққи маъмулии як ҳазор фарзандони ғариби худ дар Русия накардааст." худаш баробари маколаи академикхо аст. Хайфи точикхо ки ба маънии гап ахмият намедиханд.

Маколаи бисёр хуб. Озодагон! Хамин хел маколахо тез-тез чоп кун то ин ки халки точик худашро бо халкхои дигар давлатхо мукоиса кунад. Ин барои фахмидани мушкилотбисёр хуб аст. Ман баъзехоро намефахмам барои чи худашон ягон кори барои халк лозимро намекунанд аммо дигаронро донам ва надонам танкид мекунанд. Агар ин хел маколахо чоп шавад барои хама хуб аст.

Бародарон, беҳуда асабӣ шуда, якдигарро наранҷонед. Ин матлаб бо истилоҳоти форсӣ ва барои аудиторияи форсӣ нависта шудааст. Бадбахтӣ дар ҳарфҳои кириллӣ аст, ки калимаҳои форсиро дуруст ифода намекунад. Мо ба забони соддашудаи тоҷикӣ одат кардаем, аз ин рӯ истилоҳоти эронӣ бароямон гӯшхарош аст. Масалан, мо номҳои давлатҳоро аз забони руси гирифтаем. Мо Шветсия мегӯем. Эрониҳо бештар аз забони фаронсавӣ гирифтаанд. Онҳо Суед мегӯянд. Ҳар як забон меъёри худро дорад. Ҳоло забони тоҷикӣ дар ҳоли рушд аст, пурра ба меъёр нвдаромадааст (стандартизатсия нашудааст). Барои ин олимони забоншинос бояд сарҷамъ шуда, "Луғати имлои забони муосири тоҷикӣ" бисозанд. Аз набудани ҳамин хел як луғати фундаменталӣ ҳар муаллиф ба ҳоли худ менависад. Агар ҳамин мақола бо ҳуруфоти арабӣ мешуд, инқадар шӯру ғавғо намехест. Матни он бо ҳуруфоти русӣ чандон назебидааст. Ин баҳсҳо бори дигар аз он далолат медиҳад, ки тоҷикон ҳануз ҳам дар фикри гузаштан ба матни классикии забони тоҷикӣ бошанд. Марҳила ба марҳила, оҳиста-оҳиста. Он гоҳ ҳар истилоҳи илмӣ ва техникие, ки дар забони муосири эронӣ ҳаст, мо метавонем ба осонӣ гирифта, истифода барем. Тавре ки мегӯянд, шарт нест, кт дубора велосипед (дучарха) ихтироъ бикунӣ.

Маколаи бисёр хуб аст. Ман маколахои ин донишмандро бисёр хондаам. Чизхои хуб менависанд. Рахматхои калон.
Хамин хел маколахо тез-тез чоп шавад.

эээээээ

ягон маьни надорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)