Кӯмакхоҳии духтари тоҷик барои пардохти ҳаққи таҳсил (ВИДЕО)
Жасмин Холова, ҷавондухтари тоҷик, ки ба Донишгоҳи давлатии Бойсеи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дохил шудааст, аз афроди саховатпеша барои пардохти ҳаққи таҳсилаш дар ин донишгоҳ кӯмак хостааст.
Холова бо нашри як муроҷиатнома дар шабакаи иҷтимоии интернет изҳор доштааст, ки ҳудуди ду моҳи қабл ба донишгоҳи Бойсе қабул гардид, аммо тавони пардохти ҳаққи таҳсил дар ин донишгоҳро надорад: “Ҳаққи иқомату таҳсил дар ин донишгоҳ 36 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ҳамроҳ бо оила ва дӯстонам 3 ҳазор долларро ҷамъ кардем”.
Донишҷӯдухтари тоҷик гуфтааст, гарчанде бурсия барои пардохти ҳаққи таҳсилаш дар ин донишгоҳро нагирифтааст, ӯ руҳафтода нест ва талош хоҳад кард, то орзуяш амалӣ шавад. Ӯ аз афроде, ки то ҳол бо ӯ кӯмак кардаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, афзудааст, ки донишҳои андухтаашро барои пешбурди ҷамъияти кишвараш истифода хоҳад кард.
Афроде, ки хоҳишу имкон доранд, метавонанд тариқи ин пайванд ба дониҷӯдухтар кӯмак кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |