Оҷонсӣ: Хазинадори “Амонатбонк” аз номи нафақахӯрон 71 862 сомонӣ гирифтаст
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти хазинадори “Амонатбонк” хабар дод, ки аз номи нафақахӯрон маблағ гирифта, ба фоидаи шахсияш истифода мекардааст.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ Хосият Муродалиева, ба ҳайси нозир хазинадор оид ба мубодилаи асъори филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон, аз моҳи майи соли 2013 то ноябри соли 2016 аз номи нафақахӯрони ноҳия 71 ҳазору 862,15 сомонӣ гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, муттаҳам маблағҳоро аз бонк тариқи тайёр кардани расидҳои қалбакӣ мегирифтааст: “Аз ҷумла дар моҳи август дар ду ҳолат маблағи 1454 сомонӣ, моҳи сентябр 1221,20 сомонӣ, моҳи октябр маблағи 5263,8 сомонӣ моҳи ноябри соли 2016 ба маблағи 9881,94 сомониро бо тартиб додани расидҳои қалбакӣ аз филиали бонки дар Балҷувон гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ феълан алайҳи Хосият Муродалиева барои исрофкорӣ ва сохтакории хизматии Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |