(АКС) Чаро Тоҷинисо худро оташ зад?

Як зани 31-сола дар ҷануби Тоҷикистон худро оташ задааст. Табибон мегӯянд, 90 дарсади бадани ӯ сӯхтааст.
Тоҷинисо Хушвақтова, модари се фарзанд дар ҳолати вазнин дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ аст. Ин сокини рустои Анористони ҷамоати ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ шаби 4 июн худро оташ задааст. Дар беморхонаи марказии ноҳия ба “Озодагон” гуфтанд, Тоҷинисоро тақрибан соатҳои яки шаб шавҳараш ба беморхона овард. Ба гуфтаи табибон 90 дарсади бадани ӯ сӯхтааст: “Тайи се рӯз аст, ки ӯ таҳти назорати мо қарор дорад. Барои ҳаёти ӯ тамоми талошҳоро анҷом медиҳем”.
Шавҳари Тоҷинисо гуфтааст, ӯ ба сараш бензин рехта ва худро оташ задааст. Диларбо Хушвақтова, хоҳарбузурги Тоҷинисо ба “Озодагон” гуфт, расо як ҳафта пеш аз ин ҳодиса бо вай суҳбати телефонӣ дошт: “Хоҳари ман тифли ширхораи шашмоҳа дорад. Дар хонаи хушдоманаш рӯзи хуш надошт, ҳамеша муноқиша мекарданд”.
Талоши хабарнигори “Озодагон” барои гуфтугӯ бо шавҳари Тоҷинисо бенатиҷа буд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳафизамоҳ Сафарова, сардори Бахши занони ҳукумати ноҳияи Васеъ мегӯяд, ин ҳодиса мояи нигаронии ҳамаи онҳо шудааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ба сифати намояндаи тамоми занҳо дар дастгоҳи раиси ноҳия мехоҳам нафароне, ки занонро то ба худкушӣ оварда мерасонанд, муҷозот шаванд. То кай занони ба ҷони худқасдкардаро бемории рӯҳи унвон карда, гунаҳгоронро бе ҷазо мемонем?”
Ба гуфтаи ӯ, давоми чор моҳи ахир дар ноҳияи Восеъ 2 ҳодисаи худкӯшӣ ва 2 амали сӯиқасд ба ҷони худ аз тарафи занон ба қайд гирифта шудааст. Ба омори Бахши занони ҳукумати ноҳияи Васеъ танҳо дар ҷамоати ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 20 зани мавриди хушунати хонаводагӣ қарор доштаро сабт кардаанд. Раҳбари ин бахш мегӯяд, бо чунин занҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд, то аз ҳуқуқу озодиҳои хеш огаҳ шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |