Наздикони ҳунармандони ҷавони сирк: Сафари семоҳаи онҳо ба Миср як сол давом кард...
Наздикони чанде аз ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон мегӯянд, соле қабл пайвандони онҳоро бо ваъдаи ширкат дар як ҷашнвораи сиркӣ барои се моҳ ба Миср бурданд, аммо бо гузашти як сол ҳанӯз барнагаштаанд.
Умеда Ҳусейнова, як сокини шаҳри Душанбе имрӯз, 5 июн ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, моҳи июни соли 2016 хоҳараш -- Гулнора Ҳусейноваи он замон 17-соларо дар як ҳайати шашнафара ба Қоҳира фиристоданд. Ӯ мегӯяд, тибқи шартнома ҳузури ин ҳайат дар Миср бояд аз 20 июн то 20 сентябр идома меёфт, аммо бо гузашти як сол ҳанӯз барнагаштаанд: “Хоҳари маро иштирок дар фестивал гуфта бурданд, аммо онҷо маҷбур кардаанд, дар як сирки хиёбонӣ нимурён баромад кунад. Аз Тоҷикистон либосҳои сиркии худро, ки маҳкам буд, бурда буданд, аммо он ҷо либосҳои арабиро медиҳанд, ки пӯшида баромад кунанд. Ин ба фарҳанги мо рост намеояд”.
Хонум Ҳусейнова афзуд, хоҳараш дар коллеҷи технологӣ таҳсил мекард ва бо далели ҳозир нашудан ба дарсҳо ихроҷаш карданд. Ӯ гуфт, қаблан низ дар ин хусус дар матбуот шикоят карда буданд. “Баъди нашри хабарҳо раҳбарияти сирк тавассути роҳбари бадеии ҳайат -- Эргаш Обидов хоҳарамро маҷбур кардааст, ки забонхат навишта, гуфтаҳои маро рад кунад. Мо ҳоло ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати фарҳанг низ муроҷиат кардем”,-мегӯяд ӯ.
Нурхон Шоев, корманди собиқи Сирки давлатӣ ва падари Нилуфар Шоеваи 18-сола яке аз дигар ҳунармандоне, ки дар Миср аст, мегӯяд, намедонад, ки барои чӣ муҳлати семоҳаи ҳузури ҳунармандон дар Миср тамдид шудааст: “Аз моҳи сентябр то январ муҳлатро дароз карданд, аммо аз январ то ҳол ягон хел ҳуҷҷати тамдиди исти онҳо нест. Ҳеч кас намедонад, ки он ҷо чӣ мегузарад. Духтарам ин вақт бояд дар мактаб бошад”.
Дар фармони сафари ин ҳайат ба Миср, ки зери он имзои Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент гузошта шудааст, омадааст, ки ҳайати 8 нафараи ҳунармандон ва роҳбаладон барои иштирок дар Фестивали сиркӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб, ки бо иштироки зиёди ҳунармандони хориҷ доир мегардад, даъват шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ашӯр Раҷабов, директори Сирки давлатии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” даъвои волидонро ғалат хонда гуфт, муҳлати ҳузури ҳайат тамдид шудааст. Ӯ мегӯяд, раводиди ҳайат рӯзҳои наздик омода мешавад ва ба Ватан бармегарданд. Номбурда гуфт, се моҳи аввал ҳайат дар фестивал иштирок намуд ва чун ҳунарнамоии хуб доштанд, ҷониби Миср бо онҳо қарордод баст: “Ҳатто аз онҷо ба муассисаи мо маблағ ворид мешавад. Ман бо ҳунармандон ҳамеша дар тамос будам”.
Ҷаноби Раҷабов дар мавриди намоишҳои ҳайати Тоҷикистон дар шапито, сирки сайёр ё хиёбонӣ гуфт, ба ғайр аз Сирки Тоҷикистон дар ҳамаҷо шапито мавҷуд аст: “Ман низ чандин сол дар Арабистон ва Ҳиндустон дар шапито баромад кардам”.
Ӯ зуҳури ҳайати Тоҷикистонр дар Миср дар 25 соли ахир бесобиқа хонд ва илова кард: “Он ҷо мо сафорат дорем ва онҳо дар як намоиши ҳунармандон ширкат карда, миннатдорӣ низ карданд”.
Аммо наздикони ҳунармандони ҷавон мегӯянд, бо ин далел ки сафари ҳайат тӯл кашид ва пайвандонашон аз дабистонҳо ихроҷ шуданд, мояи нигарониашон гаштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |